ОБ, ЯЪНЕ: НӮШДОРУИ БАШАР! Ташаббусҳои байналмилалии Президенти Тоҷикистон дар ин самт ба нафъи ҷомеаи ҷаҳонӣ аст

Апрель 21, 2023 14:31

ДУШАНБЕ, 21.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳи Нидерланд Конфронси дуюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба Шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 доир гардид. Зимни он ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об ва иқлим, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ба он ниёзи бештар дорад, бори дигар манзури ҳамагон гардид.

Иқдому ташаббусҳои беназир ва шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар саросари ҷаҳон истиқболи гарм ёфтаву пешгом ва роҳнамои башарият дар ҳалли мушкилоти глобалии сайёра гардидаанд, Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар шеъри нави хеш хеле зебову самимӣ нигориш додааст.

Шеъри мазкур ба иқдомҳои ин шахсияти беназир, ки бо изтироб ва ғамхориҳои беҳамтои худ дар дили миллионҳо сокини сайёраи Замин ҷо ёфтаанд, бахшида мешавад. Ба Инсоне, ки ҳастияшон нисори инсонҳост ва ҳамеша дар андешаи беҳбуди миллати худ ва мардуми рӯи Замин мебошанд.

БО ПАЁМИ ОБИ ПОК АЗ ТОҶИКИСТОН

Дар қатори обшорони зулол,
Дар қатори чашмаҳои бемисол,
Дар қатори рӯдҳои симгуни Тоҷикистон
Аз канори қуллаҳои ору армон
З-ин куҳанмарзи муқаддас, зодбуми ишқ,
Мулки эҳсони ҷавонмардон
Боз як дарёи саршори дигар
Дар cиришти миллати тоҷик
меравад шодоб,
То ки бахшад об,
бахшад об,
бахшад об
Бар тамоми ташнакомони ҷаҳон.

Сарвари дарёдили мо
Аз сари эҳсоси хайру меҳр худ дарёи шодоб аст!
Дастҳои ӯ давоми рӯдҳои Тоҷикистонанд,
Дар лабонаш нузҳати об аст!

Сарвари дарёдили мо
Худ бувад як чашмаи лабрези эҳсон,
Бо паёми обҳои тоза дар лаб,
Бо тароватҳои оби пок дар ҷон
Мебарад пайки зулол аз Тоҷикистон.

Рӯди дигар дар дилаш ҷорист,
Рӯди некӣ, хайрхоҳӣ,
рӯди амри поки виҷдон!
Чунки дар ин сарзамин
Аз замони Зардуҳишту аз замони Пешдодиён
Дар қатори чор аркони муқаддас
Об — некӣ, об — покӣ,
об – файзи рӯшноист!
Чунки бе оби дилу бе оби рӯву оби дида
Дар таомулҳои неки миллати фарҳангии мо
Пайки покӣ нест!

Як нидое мерасад аз даштҳои ташналаб,
Як садое мебарорад ташнаҷоне аз ҷигар:
-Об!…Об!…
Об, яъне: нӯшдоруи башар!

Сарвари дарёдили мо
Мебарад пайғоми оби тозаро
Дар зулоли дидагонаш,
Дар сафои чашмаҳои поки ҷонаш,
Дар муқаддас вожагони
миллати нӯшинравонаш.

Мебарад пайғоми оби поки моро,
Мебарад эҳсону файзи хоки моро,
Чун ниёиш,
Чун дуои хайр дар зикри лабонаш!

Миллати мо миллати андешаи ноб аст!
Ин куҳанбум, ин куҳанмеҳан
Зодгоҳи оби тоза,
Зодгоҳи Офтоб аст!

Баски ӯ худ чашмае аз чашмаҳои покҷони мост,
Баски ӯ худ рӯди саршори равони мост,
Меравад андар суроғи даштҳои ташналаб…

Хандаҳои беғубораш хандаҳои обшор аст,
Дидагони файзбораш чашмаи меҳри диёр аст,
Чеҳрааш чу осмони Тоҷикистон беғубор аст!

Сарвари мо рӯди шафқат,
рӯди ҳиммат,
рӯди эҳсон аст!
Ӯ паёми оби тоза аз диёри тоҷикон аст!

Эй ватан, эй меҳани оби зулол, эй Тоҷикистон!
Мекунам табрикат аз ҷон!
Бо чунин сарчашмаи поку мусаффо!
Бо чунин пайғоми эҳсон,
Бо чунин хуршеди виҷдон,
Бо чунин иқболи хандон,
Ба чунин Эмомалӣ Раҳмон!

Дар диёри мо
Чашмаи об аст ҳар фарзанди кӯҳистон!
Рӯди шодоб аст ҳар фарзанди кӯҳистон!
Ҳамчу рӯду чашмаву оби зулоли меҳани худ
Тозаву ноб аст ҳар фарзанди кӯҳистон!

Зинда бодо рӯдҳои нурафшони диёр!
Зинда бодо обшорони зулоли хандабор!
Зинда бодо чашмаҳои файзбахшу беғубор!
Зинда бодо Сарвари некӯхисоли миллати мо
Бо сиришти нурбор!
Зинда бодо ин куҳанмеҳан, замини файзбор!

Дар дуруди Сарвари дарёдили мо,
Дар салому дар каломи ҳар нафар тоҷик
Накҳати оби мусаффо,
Қимати оби мусаффо,
Ҳикмати оби мусаффои диёри мост,
Муждаи бишкуфтани дашту даманҳо,
Муждаи бишкуфтани нахли умеди одамият!
Муждаи бишкуфтани гулҳост!

Дар канори Сарвари худ, Пешвои худ
Чашмаҳоро мекушоем аз варои худ,
Аз сафову аз вафову аз бақои худ,
Рӯдҳои хайру эҳсону муҳаббат мешавем,
Рӯди шодӣ, рӯди некӣ, рӯди ҳиммат мешавем.
Сӯи марзу даштҳои ташналаб.

Сарвари мо рӯдҳоро аз диёри мо,
аз дили худ
То ҳама дилҳо расонид,
То ҳама дарёву уқёнусҳои рӯи олам бурд.

Рӯдҳои нобу поки меҳани моро
Ҳамрадифи рӯдҳои поки дунё кард,
Сарзамини одамиятро
сарзамини рӯшноӣ,
сарзамини обҳои меҳрполо кард.

Ин саодат, ин зулолӣ дар намои мост!
Сарвари мо раҳнамои мост!

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Апрель 21, 2023 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО: МУАРРИФИИ МИЛЛАТИ АРҶГУЗОР БА ИЛМУ ДОНИШ. Мулоҳизаҳо дар ин хусус
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
ИСТИФОДАИ ДУРУСТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид
Конференсияи ҷумҳуриявии «Забон рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» баргузор гардид
Дар Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ сазовори Шоҳҷоиза гардид
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Дар Тоҷикистон соли 1991 танҳо 15 театр фаъолият мекард
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ҶАҲОНИИ ЭКОЛОГӢ: аз обу иқлим то зеҳни сунъӣ. Андешаҳо дар ин маврид
«Эмомалӣ Раҳмон — муаррифгари таърихи ниёгон ва тамаддуни навини тоҷикон». Таҳти ин унвон китоб ба нашр расид