Оби аз ҷумак равон метавонад сабаби рушди бемории аутизм дар кӯдакон гардад

Апрель 23, 2023 13:45

ДУШАНБЕ, 23.04.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Мувофиқи таҳқиқоти наве, ки аз ҷониби олимони амрикоӣ ва даниягӣ гузаронида шуд, дар занони ҳомиладоре, ки оби аз ҷумак равони дорои миқдори зиёди литийро истеъмол мекунанд,  хатари таваллуди кӯдаки гирифтори бемории спектри аутизм баланд аст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба «АЗЕРТАҶ» иттилоъ додааст..

Тавре ки «АЗЕРТАҶ» иттилоъ медиҳад, аз сабаби он ки литий қобилияти муътадил гардонидани руҳияи инсонро дорад, пайвастагиҳои муайяни литий кайҳо боз барои муолиҷаи ошуфтаҳолӣ (депрессия) ва ихтилоли биполярӣ истифода мешуд. Бо вуҷуди ин баҳсҳо дар бораи он ки оё модарон метавонанд ҳангоми ҳомиладорӣ доруҳои дорои литийро бехатар истеъмол кунанд, идома меёбанд, зеро далелҳои афзоянда вуҷуд доранд, ки он ба хатари баланди бачапартоӣ, нуқсонҳои дил ё нуқсонҳои таваллуд алоқаманд аст.

Истеъмоли оби бастабандишуда дар Дания яке аз камтарин амал дар Аврупо мебошад, даниягиҳо асосан оби аз ҷумак равонро  менӯшанд. Дар мамлакат низоми боэътимоди ченкунии микроэлементҳо ва дигар моддаҳои ифлоскунандаи об низ мавчуд аст, ки ин кори тадқиқотчиёнро осон кардааст.

Пас аз хориҷ кардани омилҳои дигаре, ки метавонанд ба аутизм мусоидат кунанд, маълумот нишон дод, ки бо зиёд шудани сатҳи литий дар об хатари ташхиси аутизм низ афзоиш ёфтааст. Муҳаққиқон инчунин муайян кардаанд, ки робитаи байни сатҳи литий ва хатари аутизм дар шаҳрҳо нисбат ба онҳое, ки дар шаҳрҳои хурдтар ва деҳотанд, қавитар аст. Эҳтимол дорад, ки барои сокинони шаҳр вазъият банобар миқдори зиёди моддаҳои ифлоскунандаи иловагӣ бадтар шавад.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

Акс: «АЗЕРТАҶ»

Апрель 23, 2023 13:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд