Қобилияти зинда мондани тибетиҳо дар баландкӯҳҳо ба шир вобаста будааст

Апрель 23, 2023 09:57

 ДУШАНБЕ, 23.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи байналмилалии палеохимикҳо аввалин далели шайъиро пайдо карданд, ки сокинони баландкӯҳи Тибет тавассути парвариши шир ва мавҷудияти генҳое, ки барои ҳазм кардани маҳсулоти ширӣ имкон медиҳад, ба зиндагӣ дар баландкӯҳ мутобиқ шудаанд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус дафтари матбуоти Институти геоантропологияи Олмон (SHH) хабар додааст.

«Тадқиқоти мо тамоюли хеле равшанро нишон дод. Протеинҳои шир танҳо дар дандонҳои он одамони қадим мавҷуд буд, ки дар даштҳои баланд дар ғарб ва шимоли Тибет зиндагӣ мекарданд, ки дар он ҷо зироат парвариш кардан ғайриимкон аст», — изҳор намуд муҳаққиқи SHH Танг Ли ва илова кард, ки чунин нишонаҳо дар дандонҳои сокинони водиҳои марказӣ ва ҷанубу шарқӣ, ки барои кишоварзӣ бештар мувофиқанд, вуҷуд надорад.

Таркиби химиявии дандонҳои одамоне, ки тақрибан 3,5 ҳазор сол пеш дар баландкӯҳ зиндагӣ мекарданд, нишон дод, ки чорвопарварии ширдеҳ дар минтақаҳои дастнорас дар баландии 3,7— 4,65 ҳазор метр аз сатҳи баҳр паҳн шудааст. Дар дандонҳои қариб ҳамаи сокинони ин минтақа  сафедаҳо мавҷуданд, ки асоси шири бузу гӯсфандро ташкил медиҳанд. Ин ба сокинони ҳамворию водиҳо, ки асосан ғизои растанӣ мехӯрданд, хос набуд.

Истифодаи густурдаи шир дар байни сокинони баландкӯҳи Тибет, ба гуфтаи муҳаққиқон, аз он шаҳодат медиҳад, ки чорвои ширдеҳ дар мутобиқ шудани тибетиҳо ба зиндагӣ дар минтақаҳои барои кишоварзӣ номувофиқ нақши муҳим бозидааст. Инро инчунин шаклҳои генҳо нишон медиҳад, ки аксар вақт дар ДНК — и кофташудаи сокинони қадимаи Тибет мавҷуд аст ва барои ҳазми маҳсулоти ширӣ зарур мебошад.

Сарзамини Тибет яке аз ҷойҳои номусоидтарин барои ҳаёти инсон дар сайёра мебошад. Вай дар баландии 4,3 ҳазор километр воқеъ буда, дар қаламрави он, махсусан дар минтақаҳои марказӣ ва чанубӣ дар наздикии қуллаҳои баландтарини кӯҳҳои Ҳимолой иқлими хеле сахт  ва қаҳратун ҳукмфармост.

Ба наздикӣ генетикҳо муайян карданд, ки шароити беназири зиндагӣ дар Тибет таҳаввулоти сокинони онро суръат бахшида, онҳоро водор сохт, ки дар муддати хеле кӯтоҳ намудҳои беназири генҳоро ба даст оранд, ки ин барои  беҳтар таҳаммул кардани сардӣ ва норасоии оксиген кумак менамояд. Ин сабаби таваҷҷуҳи зиёди антропологҳо гардид, ки онҳо дар ин кӯҳистон кай ба зиндагӣ сар кардаанд ва раванди мустамликакунии он чӣ тавр сурат гирифтааст.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз 

Апрель 23, 2023 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст