Одам чӣ қадар метавонад бе хоб зиндагӣ кунад?

Апрель 4, 2023 08:49

ДУШАНБЕ, 04.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тадқиқот нишон медиҳанд, ки одамон метавонанд ба муддати дароз хоб накунанд, аммо ин ба саломатӣ бо оқибатҳои назарраси манфӣ таҳдид мекунад. Тавре ки АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус АЗЕРТАҶ бо истинод ба расонаҳои хориҷӣ хабар додааст.

Китоби рекордҳои Гиннес аз соли 1997 инҷониб рекордҳои марбут ба бедории дарозмуддатро қабул намекунад, зеро норасоии дарозмуддати хоб ба бадани инсон таҳдиди ҷиддӣ дорад. Аммо, ду ҳолат маълум аст, ки одамон тавонистаанд тақрибан 2 ҳафта ё беш аз он бедор монанд, менависад LiveScience.

Як тасдиқи расмии тӯлонитарин ҳолати бе хоб будани одам вуҷуд дорад, ки ин рекорд соли 1963 гузошта шуда буд. Он вақт сокини 17-солаи Калифорния Рэнди Гарднер давоми 11 рӯзу 25 дақиқа хоб накардааст. Боз як ҳодисаи дигаре ҳаст, ки расман тасдиқ нашудааст, зеро дар айни замон касе бедории марди бо номи Роберт Макдоналдро назорат накардааст. Мувофиқи маълумоти соли 1986 паҳншуда, ӯ 18 рӯзу қариб 22 соат хоб накардааст.

Дар айни замон олимон чунин меҳисобанд, ки ба қадри тӯлонӣ хоб нарафтан ба саломатии инсон зарари калон мерасонад. Набудани хоб метавонад хавфи гирифторӣ ба бемориҳо, аз қабили диабет, бемориҳои дилу раг, фарбеҳӣ ва асабониятро зиёд кунад. Олимон  чунин меҳисобанд, ки ҳар шахс бояд дар як шабонарӯз аз 6 то 8 соат пайваста хоб кунад.

Мувофиқи гуфтаи Орен Коэн аз маркази тиббии Mount Sinai (шаҳри Ню-Йорки ИМА), баъзе одамон гоҳҳо метавонанд 24 соат пай дар пай  бе хоб гарданд. Аммо чунин вайроншавии назми  муқаррарӣ боиси он мегардад, ки шахс баъзан хобро аз воқеият фарқ намекунад. Яъне, майна хоб талаб мекунад ва аз ин рӯ шахс дар фосилаи нозуки  байни хоб ва бедорӣ қарор дорад.

Ба гуфтаи Элон Эвиден аз донишгоҳи Калифорнияи Лос Анҷелес, ҳафтаҳо хоб накардан ин қариб ғайриимкон аст. Ҳатто пас аз 24 соати бедор будан майнаи сар баданро ҳатман маҷбур мекунад, ки хоб равад.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 4, 2023 08:49

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон