«ОИНАИ ТАЪРИХ». Таҳти чунин унвон Озмуни ҷумҳуриявии осорхонаҳо баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 02.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз моҳи апрел то майи соли равон бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо дар Тоҷикистон таҳти унвони «Оинаи таърих» Озмуни ҷумҳуриявии осорхонаҳо дар се давр ва аз рӯйи ду бахш- «Беҳтарин осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ» ва «Беҳтарин хона-музей» гузаронида мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат иттилоъ доданд.
Даври аввал дар шаҳру ноҳияҳо баргузор шуда, осорхонаҳои намунавӣ ба даври дуюм роҳхат мегиранд. Дар даври дуюм аз ҳар минтақаи мамлакат бо назардошти нобаробарии шумораи шаҳру ноҳияҳо теъдоди зерини осорхонаҳо пешниҳод мешавад:
— Вилояти Суғд – 2 осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ ва 3 хона-музей;
— Вилояти Хатлон – 3 осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ;
— Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – 2 осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ ва 2 хона-музей;
— Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 3 осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ. Дар маҷмӯъ, 10 осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ ва 5 хона-музей ба даври сеюм роҳхат мегирад.
Даври сеюм ва маросими супоридани мукофотҳо дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо бо барномаи рангини фарҳангӣ баргузор мешавад.
Ҳадаф аз баргузор намудани озмуни мазкур- ин баланд бардоштани мақоми осорхонаҳо дар ҷомеа, беҳтар намудани мундариҷа ва сифати фаъолияти онҳо дар шароити нави фарҳангӣ, ҷалб намудани таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба мушкилоти соҳа ва мусоидат намудан дар ободонӣ, таҳкими заминаи моддию техникӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои шаҳрвандон мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки аз соли 1977 ҳамасола 18 май Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо (International Museum Day) маҳсуб мешавад. Дар Тоҷикистон низ бахшида ба ин сана ҳамоиш ва ташкили тамошои ройгони осорхонаҳо ба ҳукми анъана даромадааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд






