Ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ байни хонандагони синфҳои 11 муайян мегарданд
ДУШАНБЕ, 30.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ байни хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ муайян мегарданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар олимпиадаи мазкур 1006 хонандаи синфи 11 аз муассисаҳои таҳсилоти умумӣ вобаста ба фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ (забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, забони давлатӣ, забони англисӣ, ҳуқуқ, таърих) иштирок намуда, байни ҳам донишозмоӣ намуданд.
Олимпиадаи мазкур бо мақсади баланд бардоштани сифати таҳсил, рушди ҳаракати олимпӣ ва дар ин замина омода намудани кадрҳои боистеъдод барои бозори меҳнати дохилӣ ва байналмилалӣ гузаронида шуд. Ба олимпиада хонандагоне роҳхат гирифтанд, ки байни ҳамсолони худ дар фанҳои алоҳида беҳтарин ба шумор мераванд.
Дар олимпиада хонандагон вобаста ба фанҳо ба гурӯҳҳои алоҳида ҷудо шуда, донишу маҳорати худро нишон доданд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид






