ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ НАВИ ОБЁРӢ. Пойгоҳи обкашии рақами 1-и ноҳияи Ашт фаъол гардонида шуд
СУҒД, 07.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Омодагӣ ба мавсими нави обёрӣ дар ноҳияи Ашт пурра анҷом ёфта, пойгоҳи обкашии АНС-1-и ноҳия фаъол гардид, хабар доданд ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло Маҳкам дар Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Ашт.
Барои пурра омода кардани иншооти обрасонии ноҳия аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 700 ҳазор сомонӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт 300 ҳазор сомонӣ равона гардида, аз ҷониби Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят 8,5 тонна сӯзишворӣ ва 4,5 тонна равған дастрас карда шуд.
3 апрел роҳбарияти ноҳияи Ашт аз пойгоҳи обкашии АНС-1-и ноҳия дидан карда, онро фаъол карданд. Аз ҷониби Ассотсиатсияи истифодабарандагони об низ як қисм маблағ пешпардохт гардидааст.
Пойгоҳи обкашии АНС-1 пойгоҳи асосӣ маҳсуб шуда, 18 ҳазор гектар замини ноҳия маҳз тавассути он обёрӣ карда мешавад.
Раиси ноҳия ба масъулин барои комилан дуруст, самаранок ва эҳтиёткорона истифода кардани ҳавзҳои обгирии пойгоҳи обкашӣ ва муҳаррикҳои он супориш дод.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Ашт










Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






