Пагоҳ дар Тоҷикистон ба аҳолӣ хизмати ройгони тиббӣ расонида мешавад

Апрель 6, 2023 14:23

ДУШАНБЕ, 06.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 7 апрел, бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ дар Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуда, ба аҳолӣ хизмати ройгони тиббӣ расонида мешавад,  иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ин рӯз аз соати 8:00-и субҳ то бегоҳ дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол»-шаҳри Душанбе аз ҷониби устодону профессорон ва мутахассисони баландпояи соҳавӣ ба сокинони пойтахт хизмати ройгони тиббӣ расонида мешавад.

Чунин хизматрасонии тиббӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо доир карда шуда, аз ҷониби мутахассисони баландпояи соҳаҳои гуногуни тиб машварат, муоина ва дигар амалҳои ташхисӣ ба таври ройгон анҷом дода мешаванд.

Дар ин рӯз устодони муассисаҳои олӣ ва касбии таълимии тиббӣ бо доираи васеи аҳолӣ суҳбату машварати тахассусӣ доир менамоянд.

Шаҳрвандон тавассути муроҷиат ба ин муассиса ва муассисаи тандурустии макони зист дар сатҳи ҳар шаҳру ноҳия метавонанд бо машварат ва хизматрасонии ройгони мутахассисони соҳибтаҷриба фаро гирифта шаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 6, 2023 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд