Пагоҳ дар Тоҷикистон Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ- «Парасту — 2023» оғоз меёбад
ДУШАНБЕ, 26.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 27 апрел, соати 17:30 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ифтитоҳи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту — 2023» баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Озмуни мазкур бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 85-солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Хушназар Майбалиев бахшида мешавад.
Ҳадафи фестивал-озмун аз рушди драматургияи миллӣ, санъати театрии мамлакат, таҳияи асарҳои баландғояи ватанӣ, баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии коргардонҳо, ҳунармандон, рассомон, бастакорон, ҳисси ифтихори ватандӯстиву ватанпарастӣ ва анъанаҳои хуби таърихию фарҳангӣ иборат мебошад.
Дар Фестивал-озмун 18 театри касбии ҷумҳурӣ иштирок карда, ба он беҳтарин намоишҳое пешниҳод мешаванд, ки тӯли солҳои 2021-2022 рўи саҳна омадаанд. Натиҷагирии фестивал-озмун аз ҷониби ҳайати ҳакамон аз ҳисоби мунаққидон ва коршиносони соҳаи театрии мамлакат гузаронида шуда, инчунин дар ҷараёни баргузории фестивал-озмун ду ҳамоиш дар назар аст: «Хушназар Майбалиев – арбоби барҷастаи санъати тоҷик» ва «Вазъи кунунии театрҳои Тоҷикистон».
Дар ин ҳамоишҳо андешаҳои мунаққидон ва театршиносон дар бораи асарҳои ба фестивал-озмун пешниҳодшуда шунида мешаванд.
Фестивал- озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – «Парасту» анъанавӣ буда, дар ду сол як маротиба баргузор мешавад ва дар он театрҳои касбии тамоми манотиқи мамлакат иштирок менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки маросими пӯшидашавии Фестивал- озмун 4 май, соати 17:30 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад.
АКС аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон








Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд






