«ПАРАСТУ–2023». Дар Тоҷикистон Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 22.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35—солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва 85 – солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Хушназар Майбалиев аз 27 апрел то 4 май дар шаҳри Душанбе Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту – 2023» баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Фестивали мазкур бо мақсади рушди драматургияи миллӣ, санъати театрии мамлакат, таҳияи асарҳои баландғояи ватанӣ, баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии коргардонҳо, ҳунармандон, рассомон, бастакорон, ҳисси ифтихори ватандӯстию ватанпарастӣ, анъанаҳои хуби таърихию фарҳангӣ доир гардида, маросими ифтитоҳи он 27 апрел, соати 17:30 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар назар аст.
Дар Фестивал–озмун 18 театри касбии ҷумҳурӣ иштирок намуда, беҳтарин намоишҳоеро, ки тӯли солҳои 2021–2022 рӯи саҳна омадаанд, ба мухлисони санъати театрӣ ва ҳайати ҳакамон пешниҳод мекунанд.
Дар доираи фестивал баргузории ду ҳамоиш: «Хушназар Майбалиев – арбоби барҷастаи санъати тоҷик» ва «Вазъи кунунии театрҳои Тоҷикистон» бо иштироки мунаққидон ва театршиносон ба нақша гирифта шудааст
Бояд гуфт, ки Фестивал–озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту–2023» анъанавӣ буда, дар ду сол як маротиба доир мегардад. Дар он театрҳои касбии тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ иштирок менамоянд.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд






