Полиси Ню-Йорк барои мубориза бо ҷинояткорӣ ба истифодаи роботҳо шуруъ кард
ДУШАНБЕ, 13.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Полиси Ню-Йорк ба истифодаи роботҳо барои посбонии метрои шаҳр ва мубориза бо ҷинояткорӣ шуруъ кард. Дар ин хусус рӯзи сешанбе рӯзномаи «New York Post» бо истинод ба сардори полиси шаҳри Кичант Сюэлл хабар дод, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.
«Барои ҳифз намудани шаҳри муосир ва ҷаҳони ояндаи мо муҳим аст, ки кормандони мо бо асбоб, омӯзиш ва технологияи зарурӣ барои бехатар ва самаранок анҷом додани ин кор муҷаҳҳаз бошанд»,- гуфт сардори пулиси шаҳр, ки суханони ӯро нашрия иқтибос овардааст.
Ба навиштаи рӯзнома, полис аз ду «саги рақамӣ» истифода мебарад, ки арзиши умумии онҳо тақрибан 750 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Онҳо бо микрофонҳо, камераҳо ва сенсорҳо муҷаҳҳаз шудаанд. Суръати баландтарини ҳаракати ин «сагҳои рақамӣ» тақрибан 1,6 км/соат аст. Роботҳо, ки «робот-хабаркаш» ном гирифтаанд, дар майдони асосии шаҳр – Таймс-сквер ва истгоҳҳои метро посбонӣ мекунанд.
Қаблан шӯрои нозирони шаҳри Сан-Франсискои Амрико барои манъи истифодаи роботҳо барои маҳви ҷинояткорон ба полис раъй дода буд. Ба гуфтаи раиси шӯро Дина Престон, сокинон шаҳрро «макон барои роботҳои қотил» намешуморанд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд






