Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ба пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт

Апрель 5, 2023 13:02

ДУШАНБЕ, 05.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев ба Маҷмааи меъмории «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон», воқеъ дар майдони «Дӯстӣ»-и Душанбе ташриф оварда, ҳамчун рамзи эҳтиром ба фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик ба пояи муҷассамаи Асосгузори нахустин давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт.

Дар маросими гулчанбаргузорӣ Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷонро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Имрӯз дар доираи ин сафар инчунин мулоқоту музокироти сатҳи баланди давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон пешбинӣ гардида, доираи васеи ҳамкории дуҷониба баррасӣ хоҳад шуд.

Ҳамчунин тибқи барномаи сафар, пас аз мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон якчанд санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 5, 2023 13:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд