Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд

Апрель 4, 2023 09:08

ДУШАНБЕ, 04.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 5 апрел Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар доираи ин сафар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев баргузор гардида, маҷмуи васеи масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷониба баррасӣ хоҳад шуд.

Ҳамчунин пас аз мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Тоҷикистону Озарбойҷон ба имзо расидани санадҳои нави ҳамкорӣ дар назар аст.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Апрель 4, 2023 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд