Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо парвариши сабзавот шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 01.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. 1 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо фаъолияти гармхонаи замонавии хоҷагии деҳқонии “Темурҷон” шинос шуда, аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд.
Масоҳати умумии хоҷагӣ 1,5 гектар буда, дар як гектар барои парвариши сабзавот, хоса помидор, бодиринг ва қаламфур гармхона бунёд карда шудааст. Гармхонаро соҳибкори ватанӣ Илҳомҷон Иброҳимов ба хотири истиқболи сазовор аз ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ, 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд намудааст.
Ҳоло дар гармхона асосан бодиринги навъҳои гуногун парвариш меёбад. Ҳосилнокии солонаи навъҳои бодиринги киштшуда ба 2500-3000 сентнер баробар мебошад.
Технологияи гармхона истеҳсоли Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ буда, зироат ба таври қатрагӣ обёрӣ ва бо ғизо таъмин мегардад. Меъёри об ва ғизодиҳӣ тавассути компютер идора карда мешавад.
Дар дохили гармхона бо истифода аз 8 ҳазор лампаи махсуси барқӣ офтоби сунъӣ ба вуҷуд меоранд. Ин низоми нав дар Тоҷикистон бори аввал роҳандозӣ шудааст. Усули мазкур дар рӯзҳои абрнок ва барои дароз намудани рӯзҳои кутоҳи зимистон истифода шуда, ҷиҳати инкишофёбии хубу саривақтии зироат муфид мебошад.
Дар ҳудуди хоҷагӣ дар масоҳати 0,1 гектар гармхонаи алоҳида барои омода намудани кӯчати сабзавот бунёд намудаанд, ки дар як вақт 170 ҳазор кӯчат тайёр мегардад. Хоҷагидорон аллакай як маротиба 23 ҳазор кӯчати бодиринг, помидор ва қаламфур парвариш намудаанд. Ҳоло бошад, дар ин қитъа барои таҷриба 8 навъи помидор шинонидаанд, ки нашъунамои хуб доранд.
Барои муътадил нигоҳ доштани ҳаво дар гармхона низоми сардкунандаи обӣ васлу насб карда шудааст. Гармӣ дар ҳудуди иншоот тавассути низоми мутамарказ ва бо истифода аз ангиштсанг таъмин мегардад. Ҳоло дар хоҷагии деҳқонии “Темурҷон”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 20 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мебошад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори маҳаллӣ барои бунёди чунин иншооти замонавии истеҳсолӣ изҳори сипос намуда, фаъолияти хоҷагидоронро намунаи ибрат ва боиси таҳсин маънидод карданд.
Сипас, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дидан карданд. Дар намоишгоҳ асосан сабзавоти дар гармхона парваришнамудаи хоҷагидорони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муаррифӣ гардид. Ба иттилои масъулони соҳа айни замон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 205 гармхонаи доимоамалкунанда дар масоҳати 27 гектар фаъолият мекунад. Бо назардошти талаботи замон хоҷагидорони ноҳия масоҳати гармхонаҳои типпи навро бештар намуда, кӯшиш доранд, истеҳсоли маҳсулотро дар ҳамаи фасли сол афзоиш бахшанд ва бо ин роҳ дар ғанӣ гардонидани бозор бо маҳсулоти сифатнок саҳм гузоранд.









Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Гулистон Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» доир мешавад
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд






