РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дипломатияи об ва ҷойгоҳи он дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 9, 2023 10:39

ДУШАНБЕ, 09.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Рӯйдоди таърихие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро бори дигар дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуд, ин аст, ки 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77- уми худ қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» — ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, қабул кард. Он яке аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ дарҷ гардидааст. Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 давлати аъзои СММ пазируфта шуд. Чунин ибрози назар намуд ба АМИТ «Ховар» муовини сардори шуъбаи магистратура оид ба илми Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Каримов. 

-Дипломатияи об яке аз омилҳои марказӣ дар ҳалли мушкилоти вобаста ба об дар сатҳи дохилидавлатӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мебошад.

Дипломатияи об асосан заминаи табиии пайдоиш дорад, чунки захираҳои обӣ, махсусан дарёҳои фаромарзӣ сарҳадҳои якчанд давлатро убур менамоянд ва омили пайванди ногусастании байнидавлатӣ мегарданд. Ин зарурати табииро ба бор меорад, то ин ки давлатҳо ҷиҳати оқилонаю самаранок истифода намудани захираҳои обии дарёҳои фаромиллӣ бо ҳам ҳамкории зич ба роҳ монанд.

Тибқи маълумоти мавҷуда, дар дунё зиёда аз 260 дарёи фаромарзӣ ва зиёда аз 270 ҳавзаи зеризаминии обии фаромарзӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҳамзамон 261 ҳавзаи обӣ дар ҳудудҳои ду ва зиёда давлат ҷойгир шудааст, ки аз ин шумора 70 ҳавзаи обӣ дар Аврупо, 53 ҳавзаи обӣ дар Осиё, 39 ҳавзаи обӣ дар Америкаи Марказӣ ва Шимолӣ, 38 ҳавзаи обӣ дар Америкаи Ҷанубӣ ва 60 ҳавзаи обӣ дар Африка ҷойгир мебошад. Аз ин нишондиҳанда 155 ҳавзаи обӣ байни ду давлат ва зиёда аз 100 ҳавзаи дигар байни зиёда аз се давлат тақсим мегардад. Ҳамзамон 75% масоҳати 50 давлати дунё дар ҳудудҳои дарёҳои фаромарзӣ ва ё сарҳадгузар ҷойгир мебошад.

Далелҳои боло нишонаи онанд, ки пайдоиши дипломатияи об заминаи табиӣ дошта, ҳамкории байни давлатҳо чӣ дар сатҳи дуҷониба, бисёрҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ зарурати ҳаётӣ ва табиӣ дорад. Бе рушди ҳамкорӣ мо ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонем мушкилоти обии худро таъмин карда бошем.

Бо назардошти ин андешаҳо метавон гуфт, ки об омили муҳимтарини ҳамбастагии давлатҳо ва миллату халқият буда, сарчашмаи асосии ҳамкорӣ мебошад. Ҳамкорӣ дар соҳаи об маҷмӯи соҳаҳои ҳаётиро фарогир мебошад. Ҷузъиёти таркибии онро омилҳои иқтисодӣ, гидроэнергетикӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, экологӣ ва аграрию обёрӣ ташкил менамоянд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳамкории густурдаю ҳамаҷонибаро дар соҳаи об чӣ дар сатҳи минатқавӣ ва чӣ ҷаҳонӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати хориҷии худ қарор дода, бо тамоми давлатҳои дунё ва созмону ташкилоти минтақавию байналмилалӣ дар ин самт ҳамкорӣ менамояд.

Дар моддаи 145-и Кодекси оби Ҷумхурии Тоҷикистон принсипҳои ҳамкории байналхалқии Тоҷикистон дар соҳаи муносибатҳои вобаста ба об арзёбӣ гардидаанд, ки тибқи он Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати худ оид ба муносибатҳои вобаста ба об зарурати таъмини рушди устувори иқтисодиёти худ, истифодаи сарфакорона ва ҳифзи захираҳои обро дар асоси риояи принсипҳои ҳуқуқи байналхалқии об, ҳамкории муфид ва дӯстона бо давлатҳои хориҷӣ, бехатарии умумии экологӣ, инкишофи ҳамкории байналхалқӣ дар соҳаи муносибатҳои вобаста ба об ба асос мегирад.

Муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба об бо дигар давлатҳо бо Кодекси мазкур, дигар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқаррароти санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, танзим мегардад.

Бо назардошти таҳлили боло ва арзёбиҳои илмӣ доир ба дипломатияи об метавон гуфт, ки дипломатияи об гуфта, ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи давлатҳои дорои дарёҳои фаромарзиро доир ба ҳалли мусолиҳатомези масъалаҳои обӣ, идоракунӣ ва истифодаи босамари захираҳои обӣ ва ҷойгоҳи захираҳои обӣ дар низоми сиёсати хориҷии давлат меноманд.

Афзоиши аҳолии минтақа ва ҷаҳон, истифодаи ғайриоқилонаи захираҳои обӣ, тағйирёбии иқлим ва мушкилоти муҳити зист, масъалаи норасоии оби тоза ва дигар масъалаҳои вобаста ба об ба омилҳои таъсиргузор дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ табдил ёфтаанд. Дар ин масъала Осиёи Марказӣ яке аз минтақаҳои ҳассос ба шумор меравад. Аз рӯи тадқиқоти олимони соҳаи об, танҳо 3% оби ҷаҳонро оби тоза ташкил дода, зиёда аз 2/3 ҳиссаи ин об дар шакли барфу ях қарор дорад. Обҳои зеризаминӣ 31% тамоми захираи оби тозаро ташкил медиҳанд, дар ҳоле ки кӯлҳо, дарёҳо ва обанборҳо камтар аз 0,3% захираҳои оби тозаро ташкил медиҳанд. Тоҷикистон чун давлати дорои захираҳои фаровони об ҷонибдори истифодаи одилона ва оқилонаи ин захираҳо тавассути ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ буда, татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро авлавияти сиёсати хориҷии худ медонад.

Дар доираи ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об батадриҷ мафҳуми дипломатияи об ба сатҳи амалӣ баромад. Ин нукта ба ҷаҳониён собит шуд, ки ғояи дипломатияи об аз фаҳмиши анъанавӣ ё классикии он фарқ дошта, роҳандозии технологияҳои нави гуфтушунидеро тақозо мекунад, ки ба анҷоми муваффақонаи ихтилофу муноқишаҳо оид ба идора ва истифодаи захираҳои оби дарёҳои фаромиллӣ мусоидат намоянд. Дар ин раванд ба таҳкими ҳамкорию танзими муносибатҳо таваҷҷуҳ зоҳир мегардад, дар навъи нигариш ва истифодаи обҳои фаромарзӣ байни мамлакатҳои минтақа раванди муколама дохил гашта, аз таҷрибаи пешрафтаи якдигар ва ҷаҳон дар ҳалли масъалаҳои баҳсноку низоъангез, аз ҷумла идоракунии захираҳои оби дарёҳои сарҳадгузар истифода мешавад. Ин иқдом метавонад ба ҳамкории ҷиддии васеъ ва таҳияи созишномаҳои одилона ва оқилона дар робита ба ҳавзаҳои дарёҳои фаромарзӣ дар минтақаҳои гуногуни дунё оварда расонад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ташаббускори фаъол ва пешбари ҳалли масъалаҳои марбут ба об аст, минбаъд низ ҷонибдори истифодаи самараноки захираҳои об хоҳад буд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», солҳои 2005 — 2015, Соли байналмилалии «Оби тоза» (2003), Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013) ва ниҳоят Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 — 2028 аз муҳимтарин иқдомоти ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд. Маҳз аз ҳамин хотир ҷомеаи байналмилалӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси поягузори ҳама ташаббусу иқдомҳои байналмилалӣ дар соҳаи об эътироф кардааст. Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ҳамеша мавриди дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифтаанд, ки ин амр дар болоравӣ ва вусъати обрӯву эътибори Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ нақши муҳим бозидааст.  Ин аст, ки имрӯз баррасии тамоми масъалаҳои марбут ба мудирияти захираҳои об, тарҳрезии талошҳои байналмилалӣ барои ҳалли мушкилоти таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва роҳандозии ҳамкорӣ дар ҳама сатҳҳо бо иштироки фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Даҳсолаи оянда саҳифаи нав барои ноил гардидан ба ҳадафҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашуда дар соҳаи захираҳои об хоҳад буд. Бояд тадбирҳои муассирро дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ барои расидан ба ҳадафҳои ин даҳсолаи нави байналмилалӣ таҳия ва амалӣ кард. Тоҷикистон умедвор аст, ки тавассути ҳамкорӣ бо мамлакатҳои ҷаҳон ва рушди мушорикат бо дигар сохторҳои дахлдор равишҳо ва механизмҳои амалисозии даҳсола якҷо бо дигар Ҳадафҳои рушди устувор пайдо хоҳанд шуд.

Мушкилоти об дар ҷаҳони муосир проблемаи ҷиддитаринест, ки ба ҳаёти беш аз миллиардҳо одамони сайёра таҳдид мекунад.

Дар тӯли ду асри охир инсоният муносибати аз ҳама манфиро бо об раво дидааст. Рушди демографӣ ва соҳаи саноат, бахусус саноати кимиёвӣ ва ҳарбӣ ба захираҳои об таъсири манфӣ расонида, ба ифлосшавии ҳам захираҳои об ва ҳам табиат мусоидат кард. Манбаъҳои зиёди оби тозаи нӯшокӣ ва манзараҳои табииро дигар барқарор кардан имкон надорад. Ҳалли мушкилоти обӣ саъйи якҷоя ва дастҷамъонаи умумисайёравиро талаб мекунад. Сиёсати байналмилалии обии Тоҷикистон маҳз ба ҳамин мақсад нигаронида шудааст. Ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи дипломатияи об далели равшани фаъолияти амалии Тоҷикистон доир ба ҳалли мушкилоти вобаста ба об дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.

Тоҷикистон, махсусан Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба нафароне, ки бо сабабу омилҳои субъективӣ ва ё объективӣ ба оби тозаи нӯшокӣ дастрасии комил надоранд, ҳисси баланди инсондӯстӣ зоҳир менамоянд.

Раҳматулло КАРИМОВ,
муовини сардори шуъбаи магистратура
оид ба илми Академияи идоракунии давлатии
 назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 9, 2023 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Аз 11550 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 8488 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд
СОҲИБКОРИИ ИСТЕҲСОЛИИ ИННОВАТСИОНӢ. Дар ҳошияи мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сармоягузорону соҳибкорони Тоҷикистон
МАҶМААИ САЙËҲИЮ ИСТИРОҲАТИИ «ЧОРЧАМАН». Маконе, ки чашм аз тамошои он серӣ надорад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст