РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Иштирокчии ҷавони Конфронси оби СММ барои лоиҳааш кумаки молӣ дарёфт намуд

Апрель 6, 2023 18:54

ДУШАНБЕ, 06.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Конфронси оби СММ оид ба баррасии миёнамуҳлати ҳамаҷонибаи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 дар Ню-Йорк охири моҳи март баргузор гардид. Ба сифати ҳамраисони он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шоҳи Нидерланд Виллем-Александр баромад намуданд. Дар конфронс инчунин намояндагони Ҷануби ҷаҳонӣ ва тамоми гурӯҳҳои манфиатдор, аз ҷумла занон, ҷавонон ва мардуми бумӣ фаъолона ширкат намуда, дар панелҳои махсус баромад карданд.  

Ҷавонон имрӯз бояд дар ҳалли мушкилоти марбут ба об, тағйирёбии иқлим, таъсири офатҳои табиӣ ба иқтисодиёт ва амнияти мамлакат бетараф набошанд.  Бояд гуфт, ки дар ин конфронс 3 нафар ҷавон аз Тоҷикистон низ фаъолона ширкат варзида, барои ҳалли мушкилоти обу иқлим пешниҳодҳои мушаххас манзур карданд. Яке аз онҳо иштирокчии фаъоли ин конфронси таърихӣ, донишҷӯи тоҷик Шаҳноза Фазлоншоева аст, ки ба  хабарнигори АМИТ «Ховар» Лайло Тоирӣ дар бораи таассуроташ аз ин конфронс нақл намуд.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, иштирок дар  Конфронси оби  СММ 2023 ба ҳайси намояндаи расмӣ аз ҳисоби ҷавонон аз Тоҷикистон барояш ифтихори баланд аст.

«Конфронси оби  СММ 2023 дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз 22 то 24 март баргузор шуд. Мо, ҷавонони тоҷик ҳамчун се вакили ҷавони ЮНИСЕФ дар доираи Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал дар он муаррифӣ шудем. Бояд гуфт, ки дар доираи ин Конфронси  таърихӣ лоиҳаи ман  аз ҷониби Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон дастгирӣ ёфт.  Ман инчунин  узви Ҳаракати ҷаҳонии ҷавонон барои об мебошам. Ин конфронс пешвоён, сиёсатмадорон, коршиносон ва ҷавононро аз саросари ҷаҳон ҷамъ овард, то мушкилоти марбут ба захираҳои об, ҳифз ва идоракунии онро баррасӣ кунанд. Иштирок дар конфронс ба ман имкон дод, ки бо роҳбарони  ҷавон аз давлатҳои  дигар муошират кунам. Тавассути табодули ғояҳо ва муҳокимаи мавзуъҳои мухталифи марбут ба об ман тавонистам дар бораи мушкилоте, ки Тоҷикистон ва минтақаҳои дигар бо онҳо рӯ ба рӯ шудаанд, инчунин роҳҳои ҳалли муосире, ки дар қисматҳои гуногуни ҷаҳон татбиқ карда шудаанд, дарки амиқтар пайдо кунам»,-гуфт Шаҳноза Фазлоншоева.


Ба қавли мусоҳиб, дар ҷараёни конфронс вай масъалаи пешрафти Тоҷикистонро  дар соҳаи идоракунии захираҳои об муаррифӣ намуд. «Конфронс имкон дод, то равишҳо ва роҳҳои ҳалли проблемаҳои марбут ба об, ки дар мамлакати мо таҳия шудаанд, баррасӣ гарданд. Ман инчунин лоиҳаи худро вобаста ба санитария дар шаҳри худ муаррифӣ сохтам ва  дар панели махсус бо ҷавонони фаъол мубодилаи афкор кардем. Иштирок дар ин конфронс барои ман ҳамчун як намояндаи ҷавон аз Тоҷикистон якчанд имконияти навро пеш овард. Масалан, муошират бо шахсон ва созмонҳои бонуфуз ба ман имкон дод, то ба  манбаъҳои нави маблағгузорӣ ва дастгирии кори ман дар оянда  роҳ ёбам. Илова бар ин, иштирок дар ин конфронс ба ман донишҳои нав дод, ки дар ташаккули касб ва кӯшишҳои ояндаам бароям хеле арзишманд мебошанд. Ман дар бораи мураккабии идоракунии захираҳои об, нақши ҷавонон дар ҳалли мушкилоти марбут ба об ва аҳамияти ҳамкорӣ ва шарикии байналмилалӣ фаҳмиши амиқ пайдо кардам»,-иброз дошт ӯ.

Ба андешаи ҳамсуҳбати мо,  дар раванди иштирок дар Конфронси оби  СММ 2023 вай  малакаашро   инкишоф дода, салоҳияти нав касб намуд.

«Ман дар доираи конфронс таҷрибаи суханронӣ ва дипломатияро андӯхтам, ки барои фаъолияти  ояндаи касбӣ ва шахсии ман муфид хоҳад буд. Дар маҷмуъ, иштирок дар Конфронси оби  Созмони Милали Муттаҳид 2023 таҷрибаи бой  дар ҳаётам гардид ва  ман тавассути он донишу малакаи нав  ба даст оварда, муносибатҳои арзишманд касб кардам, ки дар кори ояндаи ман ҳамчун як роҳбари ҷавон аз Тоҷикистон муҳим хоҳад буд. Тавассути иштироки худ дар ин конфронс ман содиқ будани худро ба ҳалли мушкилоти марбут ба об, ки имрӯз давлатам ва ҷаҳон бо он рӯ ба рӯ шудааст, нишон додам. Ҳарчанд ин таҷриба ва қадамҳои аввалини ман дар ин ҷода аст,  ман кӯшиш ба харҷ медиҳам, ки минбаъд дар ҳалли ин мушкилоти ҷаҳонӣ саҳми худро гузорам»,- ибрози андеша намуд Шаҳноза Фазлоншоева.

Лайло ТОИРӢ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз Шаҳноза Фазлоншоева  

Апрель 6, 2023 18:54

Хабарҳои дигари ин бахш

««ШОҲНОМА»-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ ВА ТАҲКИМИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ». Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳамоиш доир шуд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО оид ба омодагӣ ба Конфронси байналмилалии оби Душанбе нишасти матбуотӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба муаммоҳои глобалии экологӣ ҳамоиш доир шуд
Давраи якуми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои дохилшавӣ то 30 апрел идома меёбад
Ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба қабули қатъномаи Иҷлосияи 82-юми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором дар Бангкок
Қабули ҳуҷҷатҳо барои соли таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Корея оғоз гардид
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ дар ҳалли ин масъала нақши муҳим дорад
ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ. Барномаи иттилоотии «Kudak.tj» барои муассисаҳои томактабии шаҳри Душанбе рунамоӣ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ Маркази зеҳни сунъӣ ба фаъолият оғоз намуд
Раҳмон Исломиддин: «Ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба обу иқлим ба ҳалли мушкилоти аҳли башар мусоидат менамоянд»
Дар Душанбе ғолибони якчанд озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар доир ба масъалаҳои таълими забонҳои русӣ ва англисӣ конференсия баргузор гардид