«РОҲҲОИ ТОҶИКИСТОН: ВАЗЪИЯТ, МУШКИЛОТ ВА ДУРНАМОИ РУШД». Дар Душанбе ҷаласаи 46-уми Шӯрои байниҳукуматии роҳсозони ИДМ доир гардид

Апрель 24, 2023 17:20

ДУШАНБЕ, 24.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 14 масъалаи муҳими марбут ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт  имрӯз дар шаҳри  Душанбе зимни ҷаласаи 46-уми Шӯрои байниҳукуматии роҳсозони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ гардид.

Хабарнигори АМИТ  «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар доираи ҷаласаи 46-уми Шӯрои байниҳукуматии  роҳсозон, инчунин  таҳти унвони «Роҳҳои Тоҷикистон: вазъият, мушкилот ва дурнамои рушд» Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Зимни он Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим иброз дошт, ки «Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти татбиқи ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт, хусусан татбиқи яке аз чор ҳадафи стратегии ҳукумати мамлакат –баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба давлати воҳид  табдил додани Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида, дар ин самт чандин лоиҳаҳои бузурги дорои аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалӣ бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ва шарикони рушд амалӣ гардонида шуд».

Гуфта шуд, ки зарфи 30 сол Тоҷикистон дар соҳаи роҳу нақлиёт ба дастовардҳои бузург ноил гардид. Дар ин давра 54 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо маблағи зиёда аз 1,8 миллиард доллари амрикоӣ татбиқ гардида, дар доираи ин тарҳҳо беш аз 2227 км роҳ, 259 пул, 6 нақб, 7 долони зиддитармавӣ, 2 чорроҳаи сесатҳа ва 2 дусатҳа ба истифода дода шуд. Инчунин зарфи панҷ соли оянда- солҳои  2022-2026 дар Тоҷикистон беш аз 1000 км роҳи  нақлиётӣ, 53 пул, 7 нақб ва 5 долони зидитармавӣ сохта, ба истифода дода мешавад, ки қисмати зиёди онҳо аҳамияти байналмилалӣ доранд.

Инчунин гуфта шуд, ки дар бозори хизматрасонии нақлиётии Тоҷикистон вобаста ба мавқеи ҷуғрофии мамлакат соҳаи нақлиёти автомобилӣ аҳамияти калон дошта, ҳамлу нақли беш аз 93,1 фоизи бор ва 96,5 фоизи  мусофир маҳз тавассути нақлиёти автомобилӣ амалӣ мегардад.


Дар ҷаласа доир ба тадбирҳои ҳукумати мамлакат дар самти тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт, хусусан эҳёи шоҳроҳи бузурги Абрешим, тавсеаи долонҳои транзитӣ ва шоҳроҳҳои байналмилалӣ бо назардошти имконоти  мавҷуда ва мавқеияти хоси ҷуғрофии мамлакат ибрози назар карда, иштирокдорони ҷаласаи 46 –уми Шӯрои байниҳукуматии роҳсозонро ба тақвияти ҳамкории мутақобилан судманд даъват намуданд.

Дар ҷаласа ҳисоботи котиботи Шӯро, гузориш оид ба натиҷа ва татбиқи  Протокол  оид ба роҳҳои байналмилалии ИДМ, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои Шӯрои байниҳукуматии роҳсозон  шунида шуд. Иштирокдорони  ҷаласа ҳамзамон масъалаҳои муҳими марбут ба рушду таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт, табодули таҷриба,  беҳтар намудани ҳолати роҳҳои байналмилалӣ ва дигар инфрасохтори марбут ба роҳ ва долонҳои транзитӣ, самтҳои нави ҳаракати нақлиёт на танҳо аз қисмати Ҷанубу Шимол,  балки аз қисмати Ғарб ва Шарқ,  тавсеа роҳҳои транзитӣ ва дигар масъалаҳои мубрамро баррасӣ намуда, қарорҳои марбута қабул намуданд, ки дар давлатҳои ИДМ аз рӯи онҳо кор бурда мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки Шӯрои байниҳукуматии роҳсозон соли 1992 таъсис ёфта, ҳадафаш мусоидат ба рушд ва такмили шабакаҳои роҳҳои истифодаи умум, фароҳам овардани шароит барои истифодаи беҳтари иқтидори истеҳсолӣ ва илмию техникии идораҳои роҳҳои автомобилгарди давлатҳои аъзои ИДМ, расонидани кумак ба ҳукуматҳо дар самти ҳамкории ҳамоҳангшуда, сиёсати роҳ ва таҳкими равандҳои ҳамгироӣ, баланд бардоштани дараҷаи омода намудани мутахассисони соҳа ва дигар масъалаҳои муҳими марбут ба роҳу нақлиёт  мебошад.

Баргузории ҷаласаи 46-уми Шӯрои байниҳукуматии роҳсозони ИДМ дар Душанбе дар ҳолест, ки аз 25 то  то 10 май дар қаламрави Тоҷикистон, Узбекистон, Туркманистон, Эрон ва Арманистон мусобиқаи VI  байналмилалии автомобилии Шӯрои байниҳукуматии роҳсозон баргузор мешавад. Шӯрои байниҳукуматии роҳсозон аз созмондиҳандагони мусобиқаи шашуми байналмилалии автомобилӣ буда, он бо дастгирии Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, вазоратҳои нақлиёти Тоҷикистон, Узбекистон, Туркманистон, Эрон ва Арманистон гузаронида мешавад.

Мусобиқаи байналмилалии автомобилӣ аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе оғоз мегардад. Сипас автомобилҳо дар масири Айнӣ — Панҷакент — марзи Тоҷикистон бо Узбекистон — Самарқанд — Навоӣ — Бухоро — марзи Узбекистон бо Туркманистон — Туркманистон — Мари — Ашқобод — марзи Туркманистон бо Эрон — Машҳад — Тус — Нишопур — Гургон — Сори — Теҳрон — Табриз – марзи Эрон бо Арманистон — Мегри — Капан – Ереван ҳаракат менамоянд. Тӯли умумии мусобиқаи байналмилалии автомобилӣ тақрибан 4000 километрро ташкил медиҳад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 24, 2023 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд
Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Барои фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ талаботи нав амалӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда баррасӣ шуд
Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид