«РУШДИ ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ ДАР ШАРОИТИ РАҚАМИКУНОНӢ».Таҳти ин унвон конференсияи илмиву амалӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 22.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Донишгоҳ таҳти унвони «Рушди илм ва инноватсия дар шароити рақамикунонӣ» конференсияи илмӣ-амалии ҳайати профессорону омӯзгорон ва муҳаққиқони ҷавон баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи Донишгоҳи мазкур хабар медиҳад.
Дар кори конференсияи апрелӣ як зумра олимону коршиносон ва намояндагони марказҳои илмиву таълимӣ иштирок карданд.
Дар конференсия иброз гардид, ки дар шароити кунунӣ рушди технологияҳои рақамӣ шарти асосии рақобатнокии иқтисодӣ ба шумор меравад. Татбиқи барномаҳои қабулнамудаи мо барои гузаштан ба ин раванд қонеъкунанда нест ва зарур аст, ки барои тақвияти соҳаи рақамикунонӣ тадбирҳои ба ташаккули шароит мусоидаткунанда андешида шаванд.
Дар конференсия иштирокдорон дар мавзуъҳои «Саҳми Пешвои миллат дар ҳалли масъалаҳои глобалии замони муосир вобаста ба об ва тағйирёбии иқлим», «Саҳми академик Бобоҷон Ғафуров дар рушди илми ватанӣ», «Садриддин Айнӣ – поягузори Академияи илмҳои Тоҷикистон», «Саҳми академик Муҳаммад Осимӣ дар рушди илми тоҷик», «Омилҳои институтсионалии рушди сармояи инсонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Рақамикунонии равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: масъалаҳои танзими ҳуқуқӣ» маъруза намуданд.
Дар қисмати дуюми Конференсияи илмию амалии «Рушди илм ва инноватсия дар шароити рақамикунонӣ» ба як зумра кормандону устодони донишгоҳ, ки ба дастовардҳои илмию таълимӣ комёб гардидаанд, унвони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаву сипосномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати донишгоҳ тақдим карда шуд.
АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон








ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд






