РУШДИ МУАССИСАҲОИ ТОМАКТАБӢ. Дар Душанбе иштирокчиёни фаъоли озмуни «Доноякон» ҳавасманд гардонида шуданд

Апрель 26, 2023 18:59

ДУШАНБЕ, 26.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими ҳавасмандгардонии ғолибони озмуни шаҳрии «Доноякон» доир карда шуд. Дар умум, дар даври шаҳрии озмун 48 нафар иштирок намуда, 5 нафар сазовори ҷойҳои якум гардида, бо ифтихорномаи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуд, хабар дод ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода.

Аз ҷумла, тарбиягирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабии №65 Зуфнун Саидова, №123 Масрур Ҳисомутдинов, №72 Самиаллоҳ Ахмедов, №130 Рустамзода Муҳсин аз ноҳияи Фирдавсӣ ва тарбиятгирандаи кӯдакистони №159-и ноҳияи Шоҳмансур Дурдона Ҷураева сазовори ҷойи якум гардиданд.

Ҳамзамон тарбиятгирандагони муассисаи таҳсилоти томактабии №137-и ноҳияи Сино Имрон Шарифзода,  боғчаҳои №117-и ноҳияи Фирдавсӣ Ҳабиба Раупова, №63-и ноҳияи Фирдавсӣ  Шаҳдовар Кабирзода, №81-и ноҳияи Сино Хушранг Анварӣ сазовори ҷойи дуюм гардиданд.

Инчунин тарбиятгирандагони муассисаҳои №118-и ноҳияи Сино Фаршед Исмоилзода, №1-и ноҳияи Шоҳмансур Зулола Амирова, №85-и ноҳияи Сино Мустафо Шарифов ва № 4-и ноҳияи И. Сомонӣ Маҳдӣ Маҳмадализода сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Дар озмун инчунин 8 тарбиягирандаи фаъол низ бо ифтихорномаи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардид.

Дар озмуни мазкур роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва муррабиёну иштирокчиён ҳузур доштанд.

Тазаккур дода шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ, дастрасӣ ба таҳсили босифат, таъмини шарикии бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ талош меварзад. Далели он таҳия ва тасдиқи «Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027» мебошад, ки дар доираи  он дар ду марҳила: солҳои 2022-2024 ва 2025-2027 дар маҷмуъ 134 муассисаи томактабии хусусӣ ва 114 муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ дар миқёси ҷумҳурӣ сохта, ба истифода дода мешавад.

Инчунин бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи барномаи мазкур нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардида, тибқи он  дар марҳилаи якум- солҳои 2023-2024 андешидани маҷмуи тадбирҳо оид ба сохтмони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ ва таъмини онҳо бо таҷҳизоти муосир ва инноватсионӣ-таълимӣ дар назар аст.

Дар доираи нақшаи мазкур аз курсҳои такмили ихтисос гузаронидани мураббиён ва омӯзгорони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ дар назар дошта шудааст.

Ҳамзамон соли равон дар ошёнаҳои якуму дуюми биноҳои баландошёнаи ҳудуди шаҳри Душанбе 45 муассисаи томактабӣ барои беш аз 7690 ҷой таъсис дода шуда, дар ин самт корҳои сохтмонӣ бо маром идома дорад.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Апрель 26, 2023 18:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Хатлон 50 муассисаи нави таълимӣ ба истифода дода шуд
Истифодаи зеҳни сунъӣ ва BIG DATA дар биоинформатика, физика ва модели иқлим баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даҳ ихтисоси нав таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон аз рӯи 55 ихтисос мутахассиси соҳаи кишоварзӣ омода карда мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар беш аз 400 нафар ҷавонон тибқи квотаи президентӣ таҳсил менамоянд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ расман дар пойгоҳи байналмилалии илмии SCOPUS ба қайд гирифта шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон донишҷӯён аз 32 давлати ҷаҳон таҳсил доранд
25 июл натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабон дар ИМД эълон мегардад
Нақши Пешвои миллат дар таҳкими сулҳи пойдори ҷаҳонӣ назаррас аст
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон нахустин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ба имзо расид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Кӯшониён муассисаҳои таълимӣ бунёд мегарданд