РУШДИ МУАССИСАҲОИ ТОМАКТАБӢ. Соли 2023 дар Тоҷикистон 25 кӯдакистони хусусӣ таъсис меёбад
ДУШАНБЕ, 14.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи амалишавии «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027» соли 2023 дар Тоҷикистон таъсиси 25 муассисаи томактабии хусусӣ дар назар аст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бояд тазаккур дод, ки дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 марти соли 2023 ба Вазорати маориф ва илми мамлакат дастур дода шуд, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо мақсади фарогирии бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ, роҳҳои ҳавасмандгардонии соҳибкоронро дар самти таъсиси муассисаҳои таҳсилоти томактабии хусусӣ омӯхта, пешниҳоди худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намояд.
«Дар айни замон дар ҷумҳурӣ 139 муассисаи томактабии хусусӣ ва 39 Маркази хусусии инкишофи кӯдак фаъолият менамояд. Дар маҷмуъ, фарогирӣ ба зинаи томактабӣ 171 ҳазору 416 нафар ё 16%-ро ташкил медиҳад», — иттилоъ доданд дар Вазорати маориф ва илм.
«Дар семоҳаи аввали соли равон дар вилояти Суғд 2 муассиса ва дар шаҳри Душанбе 1 муассисаи хусусӣ ба истифода дода шуд», -иттилоъ доданд масъулин.
Теъдоди муассисаҳои томактабӣ дар се моҳи соли равон ба 707 адад расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 адад зиёд гардидааст. Шумораи тарбиятгирандагон дар ин муассисаҳо 102 ҳазору 525 нафарро ташкил медиҳад.
Тавре АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дода буд, соли 2022 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027» тасдиқ гардид, ки дар доираи он дар ду марҳила: солҳои 2022-2024 ва 2025-2027 дар маҷмуъ 134 муассисаи томактабии хусусӣ ва 114 муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ дар миқёси ҷумҳурӣ сохта, ба истифода дода мешавад.
Бо амалисозии барномаи мазкур то соли 2027 фарогирии кӯдакон ба таҳсили томактабӣ бояд ба 33 фоиз расонида шавад. «Ҳамчунин муассисаҳои таҳсилоти умумии томактабӣ ва умумии хусусие, ки сохта мешаванд, шакли алтернативии таҳсили томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ буда, дастрасии кӯдаконро ба таҳсили босифати ҳам томактабӣ ва ҳам миёнаи умумӣ ба амал меоранд», -шарҳ доданд дар Вазорати маориф ва илм.
Тибқи барномаи мазкур, заминаи моддӣ-техникии муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ беҳтар гардонида шуда, шартҳои ташкили муассисаҳои таълимии хусусӣ бо ҷалби соҳибкорон ба соҳаи маориф мукаммал мегардад. Инчунин дастгирии давлатӣ тақвият ёфта, механизмҳои ҳавасмандгардонии бахши хусусӣ такмил меёбад.
Бояд тазаккур дод, ки яке аз мушкилоти асосии зинаи томактабӣ- ин дар дараҷаи зарурӣ қарор надоштани маҳорати касбии мураббиён ба шумор меравад, ки ба сифати таълиму тарбия бетаъсир намемонад. «Бинобар ин, дар доираи иҷрои «Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» дар семоҳаи соли 2023 бори аввал 381 корманди соҳаи томактабӣ аз курсҳои такмили ихтисос гузашт, ки 56 фоизи нақшаи семоҳаро ташкил медиҳад», -гуфта шуд дар вазорат.
Ба иттилои Вазорати маориф ва илм, нишондиҳандаи пасти фарогирӣ ба курсҳои такмили ихтисос аз ҳисоби кам будани фарогирӣ дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» (14,7%), филиалҳои он дар шаҳрҳои Кӯлоб (28,8%) ва Бохтар (46,4%) мебошад.
«Ҷиҳати ҳалли масъалаи мазкур дар доираи амалишавии Лоиҳаи «Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон»-и назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 339 мураббӣ ва 14 мушовири муассисаҳои томактабии шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои такягоҳӣ аз курсҳои омӯзишӣ мегузаранд», — иброз дошт манбаъ.
Бо ин мақсад аз ҷониби мутахассисон Барномаи махсуси фарогирии усулҳои инноватсионӣ таҳия карда шуд, ки ба самаранокии омӯзиш ва такмили маҳорати касбии мураббиён мусоидат менамояд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ПАЙВАНДИ ИЛМ БО ИСТЕҲСОЛОТ. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон озмуни ихтироъкорӣ ва навоварӣ доир шуд
««ШОҲНОМА»-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ ВА ТАҲКИМИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ». Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳамоиш доир шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба муаммоҳои глобалии экологӣ ҳамоиш доир шуд
Давраи якуми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои дохилшавӣ то 30 апрел идома меёбад
Қабули ҳуҷҷатҳо барои соли таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Корея оғоз гардид
ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ. Барномаи иттилоотии «Kudak.tj» барои муассисаҳои томактабии шаҳри Душанбе рунамоӣ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ Маркази зеҳни сунъӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Душанбе ғолибони якчанд озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар доир ба масъалаҳои таълими забонҳои русӣ ва англисӣ конференсия баргузор гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаҳои Обигарм, Себистон ва Лолагии шаҳри Ҳисор кӯдакистону муассисаҳои таълимӣ бунёд мегарданд
Дар мавзуи «Рушди илми тоҷик дар шароити муосир: инноватсия ва рақамикунонӣ» конференсияи илмӣ доир шуд
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври донишгоҳии озмун оғоз шуд






