«САҲМИ ЗАНОН ДАР МАҚОМОТИ МУДОФИА ВА ҲИФЗИ ҲУҚУҚ». Таҳти чунин унвон дар Душанбе Форуми якуми минтақавӣ доир мешавад
ДУШАНБЕ, 25.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 26 апрел бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» таҳти унвони «Саҳми занон дар мақомоти мудофиа ва ҳифзи ҳуқуқ» Форуми якуми минтақавӣ доир мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи мазкур хабар медиҳад.
Дар назар аст, ки иштирокдорони форум масъалаҳои мусоидати давлатҳои Осиёи Марказӣ ба ҷалби занон ҳамчун субъекти фаъоли раванди идоракунӣ ба қабули қарор, зиёд намудани ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва дар мақомоти салоҳиятдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занон ва духтарон, баланд бардоштани сифати кумак ба занону духтарони гирифтори зӯроварӣ дар мақомоти салоҳиятдор ва муассисаҳои давлатиро баррасӣ намоянд.
Ҳамзамон рушди ҳамкории сохторҳои давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди баланд бардоштани иқтидори роҳбарии занон, рафъ намудани қолабҳои гендерӣ вобаста ба нақши мардону занон дар ҷомеа ва ташаккули симои занон дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мудофиа низ мавриди корбарӣ қарор мегирад.
АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






