«САД РАНГИ ЧАКАН». Барномаи консертии ҳунармандони шаҳри Турсунзода фазои идонаи фестивалро ҷолибтар намуд
ТУРСУНЗОДА, 25.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. 24 апрел дар Кохи «Дӯстӣ»-и шаҳри Турсунзода даври шаҳрии фестивали «Сад ранги чакан» баргузор гардид, ки дар он занону бонувони ин гӯшаи Ватан ҳунари волои дӯзандагиву тарроҳӣ, интихоби нақшу нигори қадимии миллӣ, тарҳи либосдӯзӣ, интихоби матоъ ва эҷоди нақшҳои гуногунрангу гуногунмазмуни худро ба намоиш гузоштанд. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар доданд.
Барномаи консертии ҳунармандони шуъбаи фарҳанги шаҳр, ки саропо тараннуми ҳунари бемисли чакандӯзону гулдӯзон буд, фазои идонаи фестивалро боз ҳам ҷолибтар намуд.
Баргузории даври шаҳрии Фестивали «Сад ранги чакан» низ яке аз тадбирҳои асили гиромидошти арзишҳои фарҳангӣ буда, ҳадафи он баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳанг, расму ойинҳои миллию мардумӣ ва муаррифии санъати волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

Дар ҳамоиш роҳбарияти шаҳри Турсунзода аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ба ҳар иштирокчӣ, бонуи ҳунарманд, дӯзандагони чиррадаст, тарроҳону қаламкашон ва чакандӯзону сӯзанидӯзон, ки бо намоиши беҳтарин дастовардҳо, нақшу гулдӯзиҳо, сӯзаниҳо ва намунаи чаканҳои зебо даври шаҳрии фестивалро ба ҷашнгоҳи ҳақиқӣ табдил доданд, изҳори сипос намуда, ба беҳтаринҳо диплом ва ба иштирокчиёни фаъол сипосномаҳои Раиси шаҳри Турсунзодаро тақдим карданд.
Бо пайгирӣ аз сиёсати хирадмандонаву инсонпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар ҷумҳурӣ даҳҳо фестивалу озмунҳои ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад, ки ба рушди фарҳанги миллӣ, дарёфти истеъдодҳои нав ва баланд бардоштани ҳисси миллии насли ҷавон мусоидат менамояд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода










Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид






