«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар ноҳияи Сино даври ноҳиявии Фестивали ҷумҳуриявии мазкур баргузор гардид

Апрель 29, 2023 14:12

ДУШАНБЕ, 29.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев даври ноҳиявии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ин чорабинии фарҳангӣ тарроҳону чакандӯзон аз муассисаву идораҳои ҳудуди ноҳия иштирок карда, намунаҳои зиёди либоси чакан ва пероҳану тоқиҳои бо нақшу нигори миллӣ ороёфтаро, ки муаррифи фарҳанги дирӯзу имрӯзи тоҷикон аст, ба намоиш гузоштанд.

Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан», ки бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо занон ва оила дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат идома дорад, яке аз тадбирҳои муҳим ба хотири эҳёи суннатҳои миллии тоҷикӣ ҳисобида мешавад.

Дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе низ ин Фестивал бо риояи ҳамаи талабот баргузор гардид. Бонувони ҳунарманд, дӯзандагони чирадаст, тарроҳону қаламкашон ва чакандӯзону сӯзанидӯзони ин ноҳияи пойтахт беҳтарин дастовардҳо, нақшу гулдӯзиҳо, сӯзаниҳо ва намунаи чаканҳои зебои худро намоиш доданд.


Дар Фестивал намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки чакан гулдӯзии одӣ набуда, пайдоиши он ба ҳазораи дуюми пеш аз милод рост меояд.

Оид ба кашидадӯзӣ дар китобҳои «Авасто», «Шоҳнома» ва осори бисёре аз адибони гузашта маълумоти зиёд дарҷ гардидааст.

Бояд гуфт, ки Фестивали «Сад ранги чакан» ба баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори ватандорӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳангу адабиёт, расму ойинҳои миллию мардумӣ ва ба ин васила муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ равона гардидааст. Ин фестивал имкон медиҳад, ки паҳлуҳои то ҳанӯз норавшани анъанаҳои миллӣ, ҳунари волои чакандӯзии ин ё он маҳал, санъати асили гулдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, тоқидӯзӣ ва навъҳои гуногуни нақшу нигори миллӣ дубора эҳё гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор гиранд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ғолибони даври аввали Фестивал дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муайян гардида, беҳатринҳо бо намунаи ҳунари худ дар даври шаҳрии Фестивал иштирок хоҳанд кард.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино

Апрель 29, 2023 14:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд