Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон: «Бо барномаҳои нав соҳибкоронро дастгирӣ менамоем»
ДУШАНБЕ, 12.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотии Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануэл Микаллер баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Бино ба гуфтаи сафир, барои беҳтар намудани фазои сармоягузории Тоҷикистон ва баланд бардоштани неруи техникии он сафорат мехоҳад ба соҳибкорон кумак расонад.
«Мо ифтихор дорем, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико яке аз аввалин давлатҳое буд, ки истиқлоли Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва сафорати худро дар ин ҷо боз кард. Дар тӯли 31 соли муносибатҳои дипломатӣ ҳадафҳо ва ниятҳои Иёлоти Муттаҳида равшан, пайваста ва шаффоф буд, аз ҷумла ҳамкорӣ бо ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон, таҳкими соҳибихтиёрӣ ва истиқлоли Тоҷикистон, ҳифзи тамомияти арзии он, баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволии мамлакат, беҳтар намудани сатҳи зиндагии халқи тоҷик бо роҳи тараққӣ додан ва васеъ намудани имконияти иқтисодӣ. Муколамаи ошкоро ва бо эҳтиром дар руҳияи шарикӣ оид ба ҳуқуқи инсон як банди пайваста ва қабулшудаи рӯзномаи муносибатҳои дуҷонибаи мо мебошад. Ман низ ҳамкориро дар ин самт идома хоҳам дод. Ман кӯшиш менамоям, ки бо Ҳукумати Тоҷикистон дар густариши ҳамкории байнидавлатӣ ва пешбурди ҳадафҳои муштарак ҳамкории доимӣ ба роҳ монем», -илова намуд Мануэл Миккалер.
Сафир таъкид намуд, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар тӯли беш аз 30 сол бо Тоҷикистон шарикӣ дорад ва тавассути барномаҳои махсус амният, рушди иқтисодӣ, тандурустӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва маорифро дар Тоҷикистон дастгирӣ мекунад.
«Тайи як соли охир давлати Амрико ҷиҳати боло бурдани тавонмандии неруҳои амниятии Тоҷикистон барои таҷҳизоти аълосифат ва омӯзишҳои ихтисосӣ маблағ пешниҳод намуд. Ин кумак таҷҳизоти замонавӣ ва техникаи нави вазнинро барои эҷоди сарҳади амнтар, инчунин омӯзиши ҳамаҷонибаи ҳуқуқи инсон дар бар гирифт. Имрӯз беш аз панҷ ҳазор тоҷик хатмкардаи барномаҳои табодули ҳукумати ИМА мебошад ва мо умедворем дар оянда ин шумора зиёд мешавад. Танҳо соли гузашта беш аз 1600 шаҳрванди Тоҷикистон имкони сафар ба Иёлоти Муттаҳидаро пайдо кард ва шаш моҳ аст, ки мо баррасии нахустин раводиди муҳоҷиратро дар сафорати худ доир кардем, ки беш аз 500 раводиди муҳоҷират тасдиқ шудааст ва шумораи онҳо бо суръат меафзояд»,-илова кард сафир.
Ба гуфтаи Сафири Амрико, вай нақшаи сафар ба тамоми минтақаҳои Тоҷикистонро дорад, ки тавассути ин бо фаъолияти ҳашт Маркази амрикоӣ дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон шинос мешавад.
«Ман хеле шодам, ки дар ин ҷо ҳастам, бо тоҷикон вомехӯрам, бо фарҳанги тоҷикон шинос мешавам ва таърихи ғании шуморо меомӯзам»,-гуфт дар анҷоми нишасти матбуотӣ Сафир.
Лайло ТОИРӢ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд






