«Саноатсодиротбонк» ва «Бонки рушди Қазоқистон» табодули таҷриба менамоянд

Апрель 25, 2023 17:52

ДУШАНБЕ, 25.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 24-25 апрел дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҷаласаи 17-ми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкории  иқтисодӣ, ки  таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Усмоналӣ  ва муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Роман Скляр  баргузор гардид, раиси Раесати Корхонаи воҳиди давлатии  Бонки саноатию содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» Ҳокимшоҳ Бобозода суханронӣ намуда, доир ба ҳамкории байнибонкӣ бо ҷониби Қазоқистон пешниҳодҳои муфид манзур намуд.

Дар натиҷа чонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки «Саноатсодиротбонк» якҷо бо ҶС «Бонки рушди Қазоқистон» доир ба табодули таҷриба байни кормандон  пайваста  чорабиниҳо доир менамоянд.

Дар баробари ин, ҷиҳати бо хизматрасониҳои молиявӣ таъмин намудани гардиши савдои хориҷӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ байни  бонкҳо мақсаднок арзёбӣ карда шуд.

Инчунин ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи баргузории  Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкории  иқтисодӣ аз Минтақаҳои озоди иқтисодии Қазоқистон боздид ба амал оварда,  бо таҷрибаи ҷониби Қазоқистон дар ин самт  шинос шуданд.

АКС: «Саноатсодиротбонк»

Апрель 25, 2023 17:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1126 сомонӣ муқаррар гардидааст
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд