Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маркази деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маркази ташхисию табобатии «Тибби Равшан»-ро ба истифода доданд
ДУШАНБЕ, 01.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи коргоҳҳои истеҳсолӣ ҳамзамон бинои хуштарҳу замонавии маркази ташхисию табобатии “Тибби Равшан”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншоот дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми соҳибкори ватанӣ, сокини деҳоти Овчиқалъача Алишер Ҳайдаров сохта шуда, аз ду ошёна ва таҳхона иборат мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷо нахуст бо шароити кории маркази навбунёди тиббӣ, аз ҷумла ҳуҷраҳои корӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти муосир шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар марказ барои муолиҷа кардани беморон мутахассисони ботаҷриба ҷалб гардида, хизматрасонии тиббӣ дар сатҳи зарурӣ анҷом дода мешавад.
Бинои маркази ташхисию табобатии “Тибби Равшан” бо тарҳи хеле зебо ва ҷавобгӯи талаботи сохтмонию меъморӣ сохта шуда, дорои 7 ҳуҷраи ташхисию муолиҷавӣ ва 4 ҳуҷра бо 11 кати хоб мебошад, ки ҳамаи онҳо бо мизу курсӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти зарурии ташхисию табобатӣ таъмин мебошанд.
Дар ин маркази навтаъсиси тиббӣ 15 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи корӣ доимӣ таъмин шуданд.
Дар таҳхонаи бинои маркази навтаъсиси ташхисию табобатӣ ҳуҷраҳои физиотерапевтӣ амал менамояд, ки бо рахти хоб ва дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ таъмин мебошад.
Мувофиқи лоиҳа дар ошёнаи якуми иншоот ҳуҷраҳои ултрасадо, рентгени рақамӣ, асабшиносӣ, ҳуҷраҳо барои табобати бемориҳои амрози даруна, ҳуҷраи дандонпизишкӣ, ташхисгоҳ ва ҳуҷраи табобатии амрозӣ занона ҷойгир буда, дар ошёнаи дуюм барои ба табобат фаро гирифтани сокинон 11 кати хоб бо шароити муосир таъмин гардидааст, ки табибон бо истифода аз дастгоҳу технологияи пешрафта ва муносибати хуб ба сокинон хизматрасонии босифату бенуқсони тиббӣ мерасонанд.
Сокинони деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вусъати тадбирҳои бузурги ободонӣ дар марказ, инчунин бунёду ба истифодадиҳии майдони парчами давлатӣ, бинои муосири тиббӣ, коргоҳҳои истеҳсолӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ, ки барои беҳдошти сатҳи зиндагии мардум нигаронида шудааст, изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд






