Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант бинои нави шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллиро мавриди истифода қарор доданд

Апрель 25, 2023 09:35

ДУШАНБЕ, 25.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 25 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Левакантро мавриди истифода қарор доданд.

Сохтмони иншоот дар доираи татбиқи сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон сурат гирифта, бунёди он бо сифати баланд анҷом дода шудааст.

Бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Левакант аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дар ошёнаи якум 3 ҳуҷраи корӣ, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон ҷойгир карда шудааст. Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюм хонаҳои истиқоматии хизматӣ барои кормандони мақомот бунёд гардидааст.

Аснои шиносоӣ бо шароити кор дар иншоот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, кормандони мақомотро ҷиҳати анҷоми хизмати софдилона ба нафъи давлату миллат ҳидоят карданд.

Дар ҳамин рӯз инчунин ба чанд нафар корманди шуъбаи шаҳрии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант калиди хонаҳои истиқоматӣ тақдим карда шуд, ки ин иқдоми Роҳбари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мояи хушҳолии онҳо шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баистифодадиҳии иншооти нав, ҳамчунин ба хотири сифатан хуб ба роҳ мондани фаъолияти хизматӣ ба ҳайати шахсии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон 8 мошини махсуси хизматӣ тақдим карданд.

Ҳамин тариқ, бо амалӣ кардани ташаббуси навбатии созандагӣ, яъне ба истифода додани шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Левакант барои кормандон шароити мусоиди фаъолият ва зиндагӣ фароҳам оварда шуд.

Ифтитоҳи бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Левакант 25.04.2023

Апрель 25, 2023 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон