Шумораи дуюми маҷаллаи «Дипломат» — и Вазорати умури хориҷаи Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст
ДУШАНБЕ, 22.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Маҷаллаи навтаъсиси Вазорати умури хориҷаи Эрон – «Дипломат», ки бо забонҳои форсӣ ва англисӣ чоп мешавад, шумораи дуюми худро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшидааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар пешгуфтори ин шумора, ки ба қалами сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон ва сардабири маҷалла Носири Канъонӣ тааллуқ дорад, омадааст: «Дар шумораи дуюми «Дипломат» мамлакати хешованд, ҳамзабон ва ҳамдили Ҷумҳурии Тоҷикистонро мутолиа хоҳем кард. Оини бародарӣ ва ҳамдилӣ байни Эрон ва Тоҷикистон қидмате дерина дорад ва ҳикояташ ба устуворӣ ва мондагории шеъри Рӯдакӣ, шоири бузурги садаҳои нахустини ҳиҷрии шамсӣ бармегардад».
Ёвари вазири умури хориҷаи Эрон дар умури Авруосиё Алиризо Ҳақиқиён дар мақолаи худ бо номи «Фаротар аз таърих» муруре ба арзишҳои муштараки фарҳангӣ, забонӣ, тамаддунӣ, таърихӣ ва ҳувиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон намуда, ин ду давлатро як руҳ дар ду бадани ҷуғрофиёӣ донистааст.
Дар мусоҳибаи Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо котиби масъули маҷаллаи «Дипломат» зери унвони «Тафовуте рангбохта дар сояи иштирокот» паҳлуҳои мухталифи равобити Тоҷикистон ва Эрон муаррифӣ шуда, нақши сафарҳои расмии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Эрон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳими Раисӣ ба Тоҷикистон дар ду соли охир дар тавсеаи муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Эрон фавқулода муҳим арзёбӣ гардидааст.
Дар мақолаи ноиби раиси Палатаи муштараки савдо ва саноати Эрон ва Тоҷикистон Абдурризо Муҳаммадӣ зери унвони “Эрону Тоҷикистон дар масири тавсиаи ҳамкории иқтисодӣ” ба муҳимтарин самтҳои ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ байни ду давлат ишора шуда, зарфияти фаровони мавҷуда чун омили тавсеаи беш аз пеши равобити иқтисодӣ муайян гардидааст.
Профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Умар Сафар дар мақолаи худ бо номи “Руҳе дар ду ҷисм” ба муносибатҳои байнидавлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сӣ соли охир назар андохта, густариши ин муносибатҳоро ҳаққи табиии ду давлат дар партави муштаракоти мавҷуда байни онҳо донистааст.
Эроншинос Алии Некӯӣ дар мақолааш «Нақши Рӯдакӣ дар ҳувияти эронӣ» лаҳзаҳое аз рӯзгор ва осори Одамушшуаро Рӯдакиро бозгӯ карда, Сомониён ва Рӯдакиро эҳёгарони ҳувияти муштараки тоҷикону эрониён пас аз инқирози давлати Сосониён номидааст.
Дар маҷмуъ, шумораи мазкури маҷаллаи “Дипломат”, ки мақолаҳои он дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон омода шуда, бо аксҳои ҷолиб аз мулоқотҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳими Раисӣ, ҳамчунин бо тасвирҳои зебо аз ҷозибаҳои таърихиву меъморӣ ва гардишгарии Тоҷикистон музайян гардидааст, дастовардҳои Тоҷикистони таърихию муосир ва ҳамкории онро бо давлати ҳамзабони Эрон дар беҳтарин ваҷҳ муаррифӣ мекунад.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд






