Сохтмон ва таҷҳизонидани бинои Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 19.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи амалишавии Лоиҳаи «Ҳифзи саломатии модару кӯдак ва беҳтар намудани самти ёрии таъҷилии тиббӣ дар ноҳияҳои вилояти Хатлон», ки аз соли 2022 марҳилаи 6-уми он оғоз гардид, сохтмон ва таҷҳизонидани бинои Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст. Дар ин хусус 18 апрел зимни мулоқоти Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо намояндагони Бонки Олмонии Рушд — Вероника Гарсия дел Арко ва Андреас Шнайдер иттилоъ дода шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат хабар медиҳад, дар вохурӣ иброз гардид, ки Бонки Олмонии Рушд тайи солҳои охир ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон кумаки назаррас расонида истодааст. Аз ҷумла, айни замон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии бонки мазкур лоиҳаҳои «Ҳифзи саломатии модару кӯдак ва беҳтар намудани самти ёрии таъҷилии тиббӣ дар ноҳияҳои вилояти Хатлон, марҳилаҳои 2-5» ва «Мубориза бар зидди бемориҳои сил, марҳилаи 5»-ро амалӣ намуда истодааст.
Лоиҳаҳои мазкур аз муқаррароти созишномаҳои байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар бораи ҳамкории молиявӣ сарчашма гирифта, тавассути ҷалби ширкати байналмилалии консалтингии Гопа/Инфра/Эпос татбиқ мегардад.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид






