Сокинони ноҳияи Ашт ба оилаҳои аз заминларза зарардидаи Кӯҳистони Мастчоҳ 70 тонна семент кумак расониданд
ДУШАНБЕ, 05.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби сокинони ноҳияи Ашт ба оилаҳои аз заминларза зарардидаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 70 тонна семент кумак расонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар доданд.
Иқдоми мазкур-расонидани кумак ба аҳолии бародари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ идома хоҳад дошт.
Бояд гуфт, ки чанде қабл дар пайи заминларзаи сахт дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ якчанд адад иншооти ҳаётан муҳим ва хонаҳои истиқоматӣ осеб диданд, ки дар айни замон корҳои барқароркунӣ дар онҳо идома доранд.
Ёдовар мешавем, ки 23 марти соли 2023 дар Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд, ки маркази ҷунбиши қишри замин дар километри 132-юми қисми шимолу шарқи шаҳри Душанбе, километри 50-уми қисми шимолу ғарби минтақаи Рашт ва километри 96-уми шаҳри Хуҷанд, дар ҳудуди деҳаи Палдораки Ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар умқи 11 километр ҷойгир буд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт








АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид






