«Сомон Эйр» тасмим гирифтааст байни Душанбе ва Қошғар хатсайри ҳавоӣ ифтитоҳ намояд

Апрель 15, 2023 16:32

ДУШАНБЕ, 15.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи интиқоли ҳавоӣ, аз ҷумла масоили имкони роҳандозии парвозҳо дар масири Душанбе — Қошғар – Душанбе дар мулоқоти директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Абдулқосим Валиев бо ҳайати шаҳри Қошғари Ноҳияи  Мухтори Шинҷон-Уйғур таҳти роҳбарии раиси ҳукумати мардумии шаҳри Қошғар Ясенҷон Яхеп  дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» иттилоъ доданд.

Тибқи хабари манбаъ, роҳбарияти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» иброз дошт, ки тасмим гирифтаанд дар оянда байни Душанбе ва Қошғар хатсайр ифтитоҳ намоянд. Иқдоми мазкур бешубҳа, давлатҳоро боз ҳам наздиктар мегардонад.

Дар интиҳои мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкории мутақобилан судманд табодули афкор намуданд.

          АКС: Ширктаи ҳавопаймоии «Сомон Эйр»

Апрель 15, 2023 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад