Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ аз хатари хеле баланди паҳншавии вабо дар ҷаҳон ҳушдор медиҳад

Апрель 8, 2023 09:00

ДУШАНБЕ, 08.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хатари паҳншавии минбаъдаи бемории вабо дар ҷаҳонро хеле баланд арзёбӣ мекунад. Тавре  СУТ дар номаи хабарии шаби панҷшанбе нашршуда қайд кардааст, ба ҳолати то 20 март аз 24 давлат расидани гузоришҳо дар бораи ҳолатҳои нави беморӣ идома ёфт. Дар ин хусус  АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад.

Созмон махсусан аз афзоиши фавтнокии марбут ба вабо нигарон аст. Бисёре аз кишварҳо дар бораи нишондиҳандаҳои аз андоза баланди фавтнокӣ дар муқоиса бо солҳои қаблӣ гузориш додаанд. Дар паём гуфта мешавад, ки соли 2021 сатҳи миёнаи фавт дар саросари ҷаҳон 1,9% ва дар Африқо 2,9% -ро ташкил дод, ки баландтарин нишондиҳанда дар тӯли беш аз даҳ соли охир аст.

Вабо- бемории махсусан хатарноки сироятӣ мебошад, ки аз бактерияи вергулшакли вабо ба вуҷуд меояд. Он тавассути ғизо ё оби сироятшуда ба бадан ворид мешавад.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

Акс: ТАСС

Апрель 8, 2023 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд