СУТ даъват намудааст, ки давлатҳо бояд имконотро барои табобати безурётӣ тавсеа бахшанд

Апрель 9, 2023 09:54

ДУШАНБЕ, 09.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) аз давлатҳо барои тавсеаи дастрасии аҳолӣ ба табобати босифат ва арзони безурётӣ чораҳои фавриро интизор аст. Тавре дар гузориши дар ин хусус нашршуда омадааст, дар саросари ҷаҳон бо мушкилии безурётӣ тақрибан 17,5 фоизи калонсолон дучор мешаванд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар додааст.

«Тақрибан 17,5% аҳолии калонсол, яъне тақрибан аз шаш як нафари он бо безурётӣ дучор мешавад, ки ин бозгӯи ба таври фаврӣ афзоиш додани имконият барои табобати босифати дастрас барои онҳоест, ки ба он эҳтиёҷ доранд», -иқтибос овардаанд аз муаллифони гузориш.

Ба гуфтаи коршиносон, ин нишондиҳандаҳо барои кишварҳои дорои даромади баланд, миёна ва паст муқоисашавандаанд, яъне сухан дар бораи мушкилоти ҷиддии тандурустӣ дар саросари ҷаҳон меравад, на ин ки дар кишвар ё минтақаи алоҳидае.

Дар давлатҳои дорои даромади баланд 17,8% калонсолон ва дар кишварҳои дорои даромади миёна ва паст 16,5% гирифтори безурётӣ мебошанд. «Ҳисобот ҳақиқати муҳимеро ошкор мекунад: безурётӣ дар байни одамон тафриқа намегузорад»,- гуфт директори генералии СУТ Тедрос Адҳаном Гебрейесус. — Далели он ки безурётӣ ба қисми зиёди одамон таъсир мерасонад, шаҳодати зарурати васеъ кардани имконот барои табобат ва таъмини он аст, ки  ин масъала дар таҳқиқоти илмӣ ва сиёсат канор гузошта нашавад».

Дар гузориш гуфта мешавад, ки бо вуҷуди бузургии мушкилот, роҳи ҳалли пешгирӣ, ташхис ва табобати безурётӣ, аз ҷумла фанновариҳои ёрирасони репродуктивӣ, аз қабили бордоркунии экстракорпоралӣ (ЭКО) кам маблағгузорӣ мешавад ва барои бисёриҳо дастрас нест. Ҳоло дар аксари давлатҳо табобати безурётӣ аз кисаи шахсӣ маблағгузорӣ мешавад, ки аксаран ба хароҷоти фалокатовар бурда мерасонад.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 9, 2023 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд