СУТ: соли 2030 ҷаҳон метавонад ба норасоии 10 миллион корманди соҳаи тиб ва парастор дучор шавад

Апрель 7, 2023 16:44

ДУШАНБЕ, 07.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳоло кишварҳои зиёде бо норасоии шадиди ҳайати табибон ва кормандони ин соҳа оид ба нигоҳубини маъюбон дучор мегарданд. То соли 2030 норасоии мутахассисони ин касбҳо дар ҷаҳон метавонад ба 10 миллион нафар расад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад,  дар ин хусус дар брифинги Женева директори генералии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Тедрос Адҳаном Гебрейус изҳор дошт.

«Кормандони тиб асоси ҳама гуна низоми тандурустӣ мебошанд,  бисёр кишварҳо норасоии шадиди кормандони тиббӣ ва парасторонро аз сар мегузаронанд ва бисёре аз онҳо барои дарёфти маош ва шароити беҳтар ба давлатҳои дигар мераванд»,-гуфт директори генералӣ.              Бинобар арзёбии СУТ, агар тамоюли кунунӣ идома ёбад, ҷаҳон то соли 2030 бо норасоии 10 миллион нафар корманди соҳаи тиб ва парастор рӯбарӯ хоҳад шуд. Ин норасоии шадид ба   кишварҳои фақиртарин рост меояд.

 СУТ аз тамоми давлатҳо даъват кардааст, ки кормандони соҳаи тандурустӣ ва парасторони худро бо роҳи фароҳам овардани шароити бехатари корӣ, маоши муносиб, ҳифзи ҳуқуқи меҳнат, ҳамчунин аз зӯроварӣ ва табъиз ҳимоят ва сармоягузорӣ кунанд.

 Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 7, 2023 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид