Таҳқиқот: сипари яхпӯши Гренландия ба нуқтаи бебозгашт наздик аст
ДУШАНБЕ, 02.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Яхҳои Гренландия 1,7 миллион километри мураббаи Арктикаро ишғол мекунанд. Агар онҳо комилан об шаванд, сатҳи ҷаҳонии баҳр тақрибан 7 метр боло меравад, аммо олимон дақиқ намедонанд, ки ин чӣ қадар зуд рух медиҳад. Муҳаққиқони олмонӣ ба моделсозии обшавии сипар машғул шуданд ва дарёфтанд, ки дар натиҷаи хуруҷи 1000 гигатонн карбон ба атмосфера қисми ҷанубии яхбандӣ об шуда, тақрибан 2500 гигатонн боиси талафи бебозгашти тақрибан тамоми яхбандӣ мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба расонаҳои хориҷӣ хабар медиҳад.
Аз соли 2003 то 2016 сипари яхбастаи Гренландия ҳамасола тақрибан 255 гигатонн (миллиард тонна) яхро аз даст медод. Имрӯзҳо қисми зиёди обшавӣ ба қисми ҷанубии он рост меояд ва ба худи раванд омилҳои зиёд: ҳарорати ҳаво ва об, ҷараёнҳои уқёнус, бориш ва ғайра таъсир мерасонанд.
Ба наздикӣ олимон муайян карданд, ки яхи баҳрии Антарктида то ба сатҳи рекордӣ об шудааст. Ҳадди ақалли таърихии қаблӣ соли гузашта муқаррар шуда буд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд






