ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Дар Арабистони Саудӣ барф борид
ДУШАНБЕ, 12.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар чанд минтақаи Арабистони Саудӣ ба таври ғайричашмдошт миқдори зиёди барф борида, жола ба амал омад. Ноҳияи Ал Баҳа бештар аз дигарон зарар дид, хабар медиҳад АБИ «Казинформ» бо истинод ба хабаргузории «Euronews».
Бисёр роҳҳо баста шуданд, мошинҳо дар барфтӯдаҳо дар монданд. Барои тоза кардани роҳҳо техникаи вазнини сохтмониро баровардан зарур омад.
Раёсати маорифи Ал Баҳа аз донишҷӯён даъват кардааст, ки чанд рӯз дар хона бимонанд ва ба таври фосилавӣ таҳсил кунанд, зеро расидани донишҷӯён ва муаллимон ба муассисаҳои таълимӣ душвор гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки моҳи феврал дар Барселона ва ҷазираҳои Балеар барф борид, ки барои ин минтақа ҳодисаи нодир аст.
АКС: «Euronews»








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






