Тақрибан 21 нафар бар асари обхезиҳои ногаҳонӣ дар Сомалӣ ба ҳалокат расид

Апрель 5, 2023 11:08

ДУШАНБЕ, 05.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тайи ду ҳафтаи охир дар ҷануби Сомалӣ обхезии ногаҳонии шадид, ки бар асари бориши зиёд ба амал омад, тақрибан ҷони  21 нафарро аз байн бурда, беш аз 100 000 нафарро бе сарпаноҳ монондааст. Обхезӣ амволро низ нобуд кардааст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус рӯзи душанбе Раёсати СММ оид ба ҳамоҳангсозии масоили башардӯстона (OCHA) хабар додааст.

Мувофиқи  ин иттилоъ, ҳалокшудагон дар ноҳияи аз ҳама зиёд зарардидаи Бардереи минтақаи Гедо, ки рӯзҳои охир дар он бориши зиёд ба амал омад, ёфт шуданд.

Зиёда аз 1000 гектар замини кишоварзӣ зери об монда, таҳсили бештар аз 3000 кӯдак қатъ гардид.

Обхезӣ дар ҳоле рух дод, ки Сомалӣ хушксолии шадидро аз сар мегузаронад ва дар натиҷаи он беш аз 8,25 миллион нафар ба кумаки башардӯстона мӯҳтоҷ гардидаанд.

Хабар дода мешавад, ки сабаби аслии боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳои Шабелле ва Ҷуба ба амал омадани  борони зиёд дар кӯҳҳои Эфиопия будааст.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: «Синхуа» 

Апрель 5, 2023 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд