ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 апрел, шанбе, 105-умин рӯзи соли 2023 аст

Апрель 15, 2023 08:00

15 апрели соли 2022  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли халтаҳои калонҳаҷм дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғдпак» оғоз бахшиданд.

*** 

Дар ин рўзи  соли 2021  дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Вазири  корҳои хориҷии Подшоҳии Шветсия хонум Анн Линдеро ба ҳузур пазируфтанд.

***

 15 апрели соли 2020  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

*** 

15 апрели соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Муҳаммад Ҳамид Ансорӣ мулоқот намуданд.

***

 9 сол қабл, 15 апрели соли 2014 дар кӯчаи Дӯстматови шаҳри Ваҳдат бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди чарм ва истеҳсоли либосу пойафзол аз он, инчунин корхонаи қубурҳои пластикии калонқутр ба кор дароварда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалии ислоҳоти кишоварзӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

15 АПРЕЛ:

Рўзи таваллуди Каҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ

***

Рӯзи ҷаҳонии фарҳанг.

***

Рӯзи донишҳои экологӣ.

***

Рӯзи ҷаҳонии сирк

РӮЙДОДҲО:

15 апрели соли 2022  Муассисаи таълимии ғайридавлатии Донишкади илмҳои дақиқ ва технологии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

*** 

15 апрели соли 2021 Тоҷикистон ва Гурҷистон бори нахуст созишнома дар бораи иртиботи байналмилалии автомобилӣ ба имзо расониданд.

***

15 апрели соли 2011 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро барои муҳокима ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.

***

15 апрели соли 1985 нашриёти «Шарқи Озод» таъсис ёфт.

***

Дар ин рӯзи соли 1996 Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ёфтааст.

***

15 апрели соли 1926 Анҷумани якуми Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон баргузор гардид.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Шералӣ Абдулқайсов-  соли 1951 — ҳунарпешаи театр ва кино, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон

***

Рустам Дулоев  — соли 1968— сарояндаи опера. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон

Апрель 15, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш