ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 апрел, душанбе, 107-умин рӯзи соли 2023 аст
17 апрели соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд.
***
3 сол қабл, дар ин рўз соли 2020 Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид, ки дар кори он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.
***
17 апрели соли 2015 дар хиёбони Рӯдакии пойтахт бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони маҷмааи нави биноҳои маъмурии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз бахшида шуд.
***
Дар ин рўзи соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро ба ҳузур пазируфтанд.
***
8 сол қабл, 17 апрели соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум иштирок ва суханронӣ намуданд.
17 АПРЕЛ:
Рӯзи умумиҷаҳонии бемории гемофилия.
***
Дар Ҷопон — Рӯзи ҳифзи кӯдакон.
***
Дар Сурия – Рӯзи истиқлолият
РӮЙДОДҲО:
Дар ин рӯзи соли 2018 дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ доир гардид.
***
17 апрели соли 2021 бинои шуъбачаи милитсияи деҳоти «Сангтӯда»-и шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар Ҷамоати деҳоти Сангтӯдаи ноҳияи Данғара ифтитоҳ карда шуд.
***
Дар ин рўзи соли 2019 байни Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи олимпии Русия ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид.
***
17 апрели соли 2007 дар шаҳри Душанбе аввалин форуми тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Латвия баргузор гардид.
***
17 апрели соли 2003 дар шаҳри Душанбе Комиссияи байнипалатагии парлумонӣ оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Русия доир шуд.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Абдулаҳад Қаҳҳоров -соли 1913– ходими ҳизбӣ ва давлатии Тоҷикистон
***
Борис Литвинский-соли 1923– бостоншинос, доктори илми таърих, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосгузори мактаби илмии бостоншиносии Тоҷикистон