ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 апрел, душанбе, 114-умин рӯзи соли 2023 аст

Апрель 24, 2023 08:00

24 апрели соли 2022 дар байни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду давлат мубодилаи барқияҳои табрикӣ доир гардид.

***

24 апрели соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфтанд.

***

24 апрели соли 2015 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Минтақаи озоди иқтисодии Данғара, ки дар Ҷамоати деҳоти Лоҳур қарор дорад, ташриф оварда, бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони се корхонаи азими саноатӣ оғоз бахшиданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Чин муҳокима гардид.

24 АПРЕЛ:

Рӯзи умумиҷаҳонии ҳамраъйии ҷавонон.

***

Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи ҳайвоноти лабораторӣ.

РӮЙДОДҲО:

 24 апрели соли 2021 ба ифтихори 30-солагии Иcтиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ даври ҷамъбастии Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» доир шуд.

 ***

24 апрели соли 2014 Агентии миллии иттилоотии «Ховар» хабар  дод, ки дар ин рӯз дар Брюссел мизи мудаввар дар мавзуи «Тоҷикистон ва Қирғизистон: соҳибкорӣ ва имконияти сармоягузорӣ, нақши Иттиҳоди Аврупо дар дастгирии соҳибкории хурду миёна» баргузор гардид.

***

24 апрели соли 2014 дар Душанбе масоили рушди ҳамкории гуногунпаҳлуи  Тоҷикистон ва Корея муҳокима шуд.

***

24 апрели соли 2015 дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи  16-уми байналмилалии низоми маориф доир гашт.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД

Шумқор Одинабеков -соли 1928- сарояндаи маъруфи тоҷик. Ҳофизи халқии Тоҷикистон.

 

Апрель 24, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд