ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 апрел, панҷшанбе, 117- умин рӯзи соли 2023 аст
27 апрели соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Корея муҳтарам Мун Чжэ Ин ба муносибати 30 солагии барқароршавии робитаҳои дипломатии байнидавлатӣ мубодилаи барқияҳои табрикӣ намуданд.
***
7 сол пеш, 27 апрели соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи хушбоду ҳавои соҳили дарёи Вахш истироҳатгоҳи замонавии «Пули Сангин»-ро ифтитоҳ намуданд.
***
27 апрели соли 2016 дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Норак Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Неругоҳи барқи обии «Норак» ташриф оварда, дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии 500 кВ-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
27 АПРЕЛ:
Дар ИМА — рӯзи ниҳолшинонӣ.
РӮЙДОДҲО:
27 апрели соли 2022 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
***
27 апрели соли 1930 дар Душанбе аввалин театр-студияи мусиқавӣ таъсис ёфт.
***
Дар ин рӯзи соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуданд.
***
27 апрели соли 2015 дар Душанбе аввалин ҷаласаи Иттифоқи собиқадорон-интернатсионалистони Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 дар Душанбе ҷаласаи 12-уми якҷояи гурӯҳи кории Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид.
***
27 апрели соли 1933 Китобхонаи илмии марказии Академияи илмҳои Тоҷикистон – ҳоло Китобхонаи илмии марказии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба номи Индира Гандӣ кушода шуд.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Марат Орипов -соли 1935– ҳунарпешаи кинои тоҷик, коргардони кино, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.