ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 апрел, душанбе, 93-юмин рӯзи соли 2023 аст

Апрель 3, 2023 08:00

3 апрели соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

***

9 сол қабл, дар ин рўзи соли 2014 дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии ширкати Хуаксини Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Е Чинро ба ҳузур пазируфтанд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 дар шаҳри Қайроққум бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Маркази ташхисӣ ва табобатии Закариёи Розӣ ифтитоҳ ёфт.

3 АПРЕЛ:

Рӯзи байналмилалии шабнишинӣ.

***

Рӯзи сирк дар ИМА.

***

Рӯзи модару кӯдак дар Тайван.

 РӮЙДОДҲО:

Дар ин рӯзи соли 2007 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Заводи Алюминии тоҷик (ТадАЗ) ба Корхонаи давлатии унитарии  «Корхонаи алюминии тоҷик» тағйири ном кард.

***

3 апрели соли 2019 дар шаҳри Тирмиз ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид.

***

3 апрели соли 2013 дастаи мунтахаби футболбозони ҷавони Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Раҷаб Расулов дар чаҳорчӯбаи вохӯриҳои интихобии мусобиқоти Осиё дар гурӯҳи «С» дар варзишгоҳи «Дашрат» — и шаҳри Катманду бо дастаи Бутон вохӯрда, бо ҳисоби 15 бар сифр ғалаба карданд.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Темур Собиров- соли 1940- риёзидони тоҷик, доктори илмҳои физика ва математика

Апрель 3, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 сентябр, ҷумъа, 248-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 сентябр, панҷшанбе, 247-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 сентябр, чоршанбе, 246-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 сентябр, сешанбе, 245-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 сентябр, душанбе, 244-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 август, якшанбе, 243-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 август, шанбе, 242-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 август, ҷумъа, 241-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, панҷшанбе, 240-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 август, чоршанбе, 239-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, сешанбе, 238-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 август, душанбе, 237-умин рӯзи соли 2025 аст