ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 апрел, чоршанбе, 95-умин рӯзи соли 2023 аст
5 апрели соли 2014 дар шаҳри Қайроққум (ҳозира Гулистон)-и вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ду ширкати соҳибнуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чинро ба ҳузур пазируфтанд.
***
Дар ин рӯзи соли 2019 дар Душанбе масъалаи баланд бардоштани мавқеи Тоҷикистон зимни арзёбиҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид.
5 АПРЕЛ:
Дар Кореяи шимолӣ- Рӯзи ниҳолшинонӣ.
РӮЙДОДҲО:
5 апрели соли 2022 намояндагони ширкатҳои Тоҷикистон аз қароргоҳи «Airbus» ва «Euler Hermes» дар Ҳамбург дидан карданд.
***
5 апрели соли 2021 Лоиҳаи қонун «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» дар Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардид
***
5 апрели соли 2021 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши «Мисгарӣ — бозгӯи рамзҳо, эътиқод ва анъанаҳои мардумӣ» оғоз ёфт, ки то аввали моҳи май идома ёфт. Дар намоиш аз фонди тиллоии Осорхонаи миллии Тоҷикистон зиёда аз 400 адад зарфҳои мисии мунаққаш бори нахуст манзури тамошобинон гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2010 Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун ба Тоҷикистон ташриф овард.
***
5 апрели соли 2019 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Моҳрухсор Сафиева —соли 1962- овозхони шинохтаи Тоҷикистон