ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ. Имсол дар Тоҷикистон дар майдони 10 ҳазору 725 гектар шолӣ кишт карда мешавад

Апрель 10, 2023 19:46

ДУШАНБЕ, 10.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи дурнамои сохтори  кишоварзӣ, соли равон дар Тоҷикистон дар майдони 10 ҳазору 725 гектар кишти шолӣ ба нақша гирифта шудааст, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии мамлакат.

Бояд гуфт, ки биринҷ яке аз ғалладонагии бештар истеъмолшаванда дар ҷаҳон дониста мешавад, зеро он баъд аз ғалладонагӣ дар ҷаҳон аз ҷиҳати майдони кишт ва ҳосил ҷойи дуюмро ишғол менамояд. Олимони кишоварзӣ бар он назаранд, ки дар Тоҷикистон 13 навъи биринҷ  парвариш  карда шуда, истеъмоли солонаи он ба як нафар аз  12 то 15 кг рост меояд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон баён доштанд, бо мақсади дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ва амалӣ намудани яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат — таъмини амнияти озуқаворӣ бештар захира намудани маҳсулот тавсия дода мешавад. Ҳосили шолиро бе коркард барои чанд сол захира намудан имконпазир мебошад. Аз ин рӯ, кишоварзонро зарур аст шолиро ҳарчӣ бештар захира намуда, бо ин роҳ ҳамеша фаровонии биринҷро дар бозори истеъмолӣ таъмин намоянд.

Бояд гуфт, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар пасманзари пандемияи коронавирус соли 2020 аз сокинон даъват карданд, ки барои ду сол маҳсулоти мавриди ниёзи аввал захира намоянд. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки «Тоҷикистон бояд бозори дохилиро бо маҳсулоти худӣ таъмин намуда, кишти картошка, ғалладона ва ҷуворимаккаро зиёд намояд. Тавлиди маҳсулоти мавриди ниёзи аввали мардум — орд, равғани растанӣ ва биринҷ афзоиш дода шавад».

Доир ба захираи ин навъи маҳсулот доктори илмҳои тиб, профессор Ҷаҳон Азонов чунин тавсия медиҳад: «Ин навъи маҳсулотро дар мамлакати мо ҳар оила истифода менамояд. Агар шароит риоя шавад, онро метавон муддати тӯлонӣ нигоҳдорӣ намуд. Мисли лӯбиёгиҳо биринҷ бояд дар қуттиҳои ҳавоногузар, дар ҷои сарду торик нигоҳ дошта шавад. Ба сифати борҷома беҳтар аст, ки зарфҳои пластикии хоси маводи ғизоӣ (PETE) ва зарфҳои шишагӣ истифода шаванд ва онҳо бояд маҳкам пӯшида шаванд»,-изҳор дошт ӯ.

Чуноне ки таҳқиқоти дар Донишгоҳи давлатии Utah State University (бузургтарин ва муҳимтарин муассисаи таҳсилоти олии иёлати Ютаи  ИМА) гузаронида нишон медиҳад, агар ин шароит риоя шавад, биринҷро то 30 сол нигоҳ доштан мумкин аст ва дар ин муддат вай  таъми лазиз ва бӯйи хуши худро гум намекунад. Бояд  тазаккур дод, ки дар таҳқиқот 2 навъи биринҷ — сайқалёфта ва бухордода  истифода шудааст.

Шолӣ зироати тропикӣ буда, ба намӣ ва гармии зиёд ниёз дорад. Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки заминҳои шолизор ҳатман тирамоҳ шудгор карда шаванд. Зеро замин дар киштзори шолӣ доимо таҳти об буда, барои нафаскашӣ оксиген намерасад. Инчунин пеш аз шудгори тирамоҳӣ ба як гектар пошидани 200-400 кг суперфосфат зарур дониста мешавад. Чунки шолӣ то 25-30 фоизи вазни худ обро меҷаббад ва дар ҳарорати +15 +16 дараҷа гармӣ ба сабзидан шуруъ мекунад. Чӣ қадаре, ки ҳарорати об баланд бошад, ҳамон қадар сабзиши шолӣ меафзояд.

Табибон хусусияти шифобахшии биринҷро таъкид намуда, барои рафъи чандин беморӣ хӯрдани онро тавсия медиҳанд. Ба андешаи онҳо, истифодаи мунтазами  биринҷ хавфи гирифтор шудан ба бемории саратон, яъне омоси рӯдаро камтар мекунад. Биринҷ сарчашмаи баъзе витаминҳои гурӯҳи Б мебошад, ки  асабро ором намуда,  ба пӯст беҳбудӣ  бахшида, нохун ва мӯйро  дар ҳолати хуб  нигоҳ медорад.

Ёдовар мешавем, ки ҳафтае қабл Вазорати кишоварзӣ, ҷангал ва моҳипарварии Камбоҷа навъи нави биринҷи хушбӯйро бо номи Champei Sar 70 (CPS 70) муаррифӣ кард, ки дар натиҷаи таҳқиқот ва таҳияи тақрибан даҳсола ба даст омадааст.

Баровардани навъи биринҷи CPS 70 ба шарофати ҳамкории Институти тадқиқот ва рушди кишоварзии Камбоҷа ва Австралия пас аз 9 соли таҳқиқот ва 80 озмоиши саҳроӣ дар фаслҳои хушк ва тар имконпазир гардид.

CPS 70 дар асоси навъи биринҷи Камбоҷа Пхка Румдуол аз CNi9024, ки дар замони худ ба ҷоизаҳои гуногун сазовор гардида буд, ба даст оварда шудааст. Гуфта мешавад, ки CPS 70 биринҷи хушбӯй буда, дар тӯли се моҳ пухта мерасад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитон/АМИТ «Ховар»

Апрель 10, 2023 19:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Лоиҳаи «Таҳкими идоракунии молияи давлатӣ ва шаффофияти буҷетӣ дар Тоҷикистон» муаррифӣ гардид
Дар шаҳри Конибодом корхонаи коркарди зардолу бунёд мешавад
Дар Тошканд ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти гумруки давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар Душанбе ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Корея баррасӣ шуд
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои амалкунандаи самти обтаъминкунӣ, санитарӣ ва шаҳрсозӣ баррасӣ гардид
Кишоварзони ноҳияи Кӯшониён ба ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ шуруъ намуданд
Роҳбарони мақомоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Тошканд ҷамъ омаданд
26 АПРЕЛ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ. Бахшида ба он Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварон доир гардид
Дар вилояти Суғд ба маблағи зиёда аз 6 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
«TRAVEL HUB». Моҳи сентябр дар Душанбе намоишгоҳи сайёҳӣ доир мегардад
«Alvarez & Marsal Middle East» ба низоми бонкии Тоҷикистон хизматрасонии машваратӣ пешниҳод менамояд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Малайзия дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи фанноварии иттилоотӣ муҳокима гардид