Таъмири асосии бинои Беморхонаи вилоятии ба номи Абдулмаҷид Ҳақназаров дар шаҳри Кӯлоб идома дорад

Апрель 1, 2023 17:37

КӮЛОБ, 01.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон болопӯши бинои Беморхонаи вилоятии ба номи Абдулмаҷид Ҳақназаров дар шаҳри Кӯлоб аз таъмири асосӣ бароварда шуд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».

Айни замон бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмири асосии қисмати берунии бино дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки бинои мазкур бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2004 мавриди истифода қарор гирифта, то инҷониб таъмир нагардида буд. Ба ин хотир бо ҷалби беҳтарин сохтмончиён бо истифода аз масолеҳи хушсифати сохтмонӣ қисмати берунии бино ба таври муосир таъмир гардид. Инчунин рӯзҳои наздик сохтмончиён ба сафолакпўш кардани гирду атрофи бино шуруъ менамоянд.

Беморхона, ки ба сокинони минтақаи Кӯлоб хизмати тиббӣ мерасонад, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, беҳтарин мутахассисони соҳа ба аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонанд.

Роҳбарияти беморхона тасмим гирифтааст, ки утоқҳои бистарикунонӣ ва ҳамаи утоқҳои шуъбаҳои беморхонаро аз таъмири асосӣ барорад. Аллакай дар ин самт низ корҳо оғоз гардидаанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 1, 2023 17:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад