«ТАШХИС (ЭКСПЕРТИЗА) ВА АРЗЁБИИ КИТОБҲОИ ДАРСӢ». Дар Душанбе дастури методӣ муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 15.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. 12 апрел дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дастури методии «Ташхис (экспертиза) ва арзёбии китобҳои дарсӣ» муаррифӣ гардид, ки он аз ҷониби мутахассисони варзидаи соҳа таҳия шуда, дар баланд бардоштани сифати китоби дарсӣ ва мутобиқ сохтани он ба стандарту барномаҳои таълим ва талаботи қонунгузории ҷорӣ мусоидат менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дастури мазкур ҳамчун роҳнамо барои муаллифон, муҳаррирон, муқарризон ва гурӯҳҳои корӣ оид ба арзёбии адабиёти таълимӣ бори нахуст таҳия гардида, дар он талаботи меъёрӣ ба таълифи китоби дарсӣ ишора шудааст.
Дар он ҳамзамон масъалаҳои омилҳои муҳимтарини таъсиррасон ба арзёбии сифати китобҳои дарсӣ, усулҳои асосии методологияи таҳияи китобҳои дарсӣ, асосҳои миллии таҳияи китобҳои дарсӣ, ташхис (экспертиза) ва арзёбии китобҳои дарсӣ, таҳлили муқоисавии баъзе тақризҳо (интихобан), тавсияҳои методӣ барои муқарризон ва роҳҳои арзёбии китобҳои дарсӣ дарҷ шудаанд.
Инчунин ба Вазорати маориф ва илм аз ҷониби Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ дастхати 25 номгӯй адабиёти таълимӣ барои муҳокима пешниҳод гардид. Аз ҷумла, 3 китоби дарсӣ ва 8 дастури методӣ барои зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 китоби дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, 12 китоби дарсӣ ва дастури таълимӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои муҳокима пешниҳод карда шуд.
Роҷеъ ба ҳар дастур ва китоби барои баррасӣ пешниҳодшуда ба муаллифон фикру пешниҳодҳо ҷиҳати такмил иброз карда шуд.
АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд






