ТАТБИҚИ БАРНОМАҲОИ ДАВЛАТӢ. Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон машваратҳои омӯзишӣ доир менамояд
ДУШАНБЕ, 13.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 12 апрел дар асоси нақшаи амали «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030» бо иштироки намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба дастгирии занон ва амалишавии барномаҳои давлатӣ дар ин самт барои кормандони дастгоҳи марказии Сарраёсати геологияи тоҷик машварати омӯзишӣ доир гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба кумитаи мазкур хабар медиҳад, зимни даври омӯзишӣ масъалаҳои нақш ва мақоми занон дар рушди иқтисоди миллӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар самти кор бо занон ва оила баррасӣ гардид.
Ҳамзамон бо иштироки роҳбарияти Кумита чунин машварати омӯзишӣ барои кормандони дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар ҷараёни даври омӯзишӣ дар баробари баррасии масъалаҳои мазкур инчунин ҷиҳати муайян намудани сатҳи забондонии иштирокчиёни он диктанти санҷишӣ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ ба роҳ монда шуд.
Ёдовар мешавем, ки Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд муддат аст, ки бо мақсади иҷрои нақшаи амали Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030 ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониш, маҳорату малакаи мудирият ва таҳлилгарии хизматчиëни давлатӣ, дониши ҳуқуқию сиёсии занону духтарон дар вазорату идораҳо, ташкилот ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ машваратҳои омӯзишӣ баргузор менамояд.
АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд






