«Тоҷикаэронавигатсия» аз оғози сол ба 12 899 киштии ҳавопаймо хизмат расонидааст

Апрель 11, 2023 16:45

ДУШАНБЕ, 11.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» аз оғози соли равон ба 12 899 киштии ҳавопаймо хизмати аэронавигатсионӣ расонидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 22 фоиз зиёд мебошад.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» иттилоъ медиҳад, ки ҷиҳати баланд бардоштани самараи кори истеҳсолӣ «Тоҷикаэронавигатсия» бо намояндагони техникии ширкатҳои «Пеленг»-и Русия, «Замар»-и Швейтсария ва «Серагон»-и Исроил барои навсозӣ, таъмиру тармими таҷҳизоти соҳавӣ ҳамкории густурда ба роҳ монд. Ҳамзамон дар ин давра баҳри таъмини фаъолияти босамари корхона дар самти нишондиҳандаҳои дақиқ, ба истифода супоридани низоми Д-АТИС дар дастгоҳи марказии «Тоҷикаэронавигатсия» ва филиалҳои корхона дастгоҳҳо васлу насб гардид.

Дараҷаи салоҳияти нишондиҳандаҳои пешгӯии Маркази авиатсионии метеорологии «Тоҷикаэронавигатсия» тибқи низоми «TAF» бо ҷамъи филиалҳои корхона салоҳияти пешгӯиро 90,2 фоиз хабар дод, ки нишондиҳанда хуб ҳисобида мешавад.

Инчунин бо мақсади татбиқи амалии лоиҳаҳои грантии марбут ба ворид намудани «Навигатсия дар асоси хусусият PBN» аз ҷониби Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ- JICA гуфтушунид доир гардида, дар ин самт корҳо марҳила ба марҳила идома доранд.

АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия»

Апрель 11, 2023 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
Дар Душанбе натиҷаҳои миллии Шарҳи чоруми фаъолияти экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Давҳа тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо AIIB баррасӣ гардид
Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд