Тоҷикдухтар дар олимпиадаи аврупоӣ байни намояндагони 55 давлат ҷойи сеюмро соҳиб гардид

Апрель 20, 2023 10:27

ДУШАНБЕ, 20.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Хонандаи синфи 11-и Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе Аниса Буриева дар Олимпиадаи 12-уми аврупоӣ аз фанни математика барои духтарон (European Girls’ Mathematical Olympiad) байни 55 давлати дунё Парчами давлатии Тоҷикистонро боло бардошта, соҳиби ҷойи сеюм гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода хабар доданд.

 Олимиадаи мазкур аз 13 то 18 апрел дар Ҷумҳурии Словения баргузор гардида, дар он 213 хонанда аз ИМА, Чин, Австралия, Олмон, Канада, Англия, Ҷопон, Исроил, Бразилия, Фаронса, Мексика, Швейтсария, Арабистони Саудӣ, Колумбия, Юнон ва дигар давлатҳои мутараққӣ иштирок доштанд.

Ҳамзамон хонандаи дигари ин муассиса Фараҳноз Нормуродзода сазовори ҷойи ифтихорӣ гардид.

Ба даст овардани ду ғалаба дар чунин Олимпиадаи байналмилалии эътирофшуда нишонаи рақобатпазир будани низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ буда, ин дастоварди беназир натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Апрель 20, 2023 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд