Тоҷикистон ва Чин доираи васеи ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд

Апрель 27, 2023 17:21

 ДУШАНБЕ, 27.04.2023 /АМИТ «Ховар»/.  26 апрел Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар шаҳри Сиан  бо узви Шӯрои давлатӣ, Вазири корҳои хориҷии  Ҷумҳурии Мардумии Чин Тсин Ган мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мулоқот ҷонибҳо доираи васеи ҳамкории дуҷониба, масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, алалхусус чорабиниҳои дарпешистодаи сатҳи олӣ дар байни Тоҷикистон ва Чин ва Саммити сарони давлатҳоро дар қолаби сиғаи «Осиёи Марказӣ – Чин» мавриди баррасӣ қарор доданд.

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Чин  бо такя бо иштироки стратегии ду мамлакат ба таҳкими ҳамкории дуҷониба дар самтҳои иқтисод ва тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, саноат, нақлиёт кишоварзӣ, илму техника, рақамикунонии соҳаҳои калидии мамлакат, маориф, тиб, туризм ва ғайра таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии  Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин аз ҳамтои чинии худ- узви Шӯрои давлатӣ, Вазири корҳои хориҷии Чин Тсин Ган барои анҷоми сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони барояш мувофиқ  даъват ба амал овард.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 27, 2023 17:21

Хабарҳои дигари ин бахш

COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд